Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки санаи 29-уми январи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар бештари ноҳияҳо боришот (борон, барф), дар водиҳо асосан дар намуди борон ва барфи тар, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва баландкӯҳӣ асосан барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи водибудаи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 7-10º аз эҳтимол дур нест.
- Рӯзҳои 29-30-юми январ дар минтақаҳои кӯҳию доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.