Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ҳуҷҷатҳояшро гум кунад...
18.09.2025
Oila.tj
349

Салом! Ман Фароғат Бобиева, муҳоҷирзани тоҷик аз шаҳри Москваи Федератсияи Россия. Муддати ду сол мешавад, ки ҳамроҳи шавҳару фарзандонам дар ин шаҳри бузург зиндагӣ карда истодаем. Фарзанди калониам ҳафтсола шудааст ва имсол бояд ба мактаб равад, вале як ҳафта пеш ман сумкаеро, ки тамоми ҳуҷҷатҳои худам ва кӯдаконамро дар он нигоҳ медоштам, гум кардам. Ростӣ, вақтҳои охир корҳои шавҳарам чандон хуб нест ва айни замон мо имконияти иқтисодии чиптаи ҳавопаймо харида ба Тоҷикистон рафтан надорем. Мехостам донам, ки ягон роҳи барқарор кардани ҳуҷҷатҳо дар худи Россия вуҷуд дорад ё не?

Ҳуҷҷатҳоятон дар мусофират гум шуданд, чӣ бояд кард?

Фароғат Бобиева ягона шаҳрванди Тоҷикистон нест, ки дар мулки мусофират бо чунин мушкилӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Зодагони кишвари мо бо мақсади таҳсил, табобат, тиҷорат, муҳоҷарати меҳнатӣ ё сайру саёҳат ба дигар мамлакатҳо сафар намуда, метавонанд тасодуфан ҳуҷҷатҳои худро гум кунанд ё зарурати бастани ақди никоҳ, бекор кардани никоҳ ва дигар ҳуҷҷатузорӣ пеш ояд. Дар чунин ҳолатҳо ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст?

Барои ба ин савол посух гирифтан мо ба Сарвиноз Саидмуродзода, муовини сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намудем.

- Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз мамлакат қарор доранд, барои барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшудаашон ба куҷо бояд муроҷиат намоянд?

- Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар аксари кишварҳо сафоратхона ва намояндагиҳои худро дорад. Дар сурати гум кардани ҳуҷҷатҳояшон шаҳрвандони Тоҷикистон барои аз нав барқарор намудани ҳуҷҷатҳо ба муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он кишвар муроҷиат карда метавонанд. Тибқи банди 4-и моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандии дар онҳо нигоҳдошташаванда шаҳодатномаи такрорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро медиҳанд.

- Дар сурати гум шудани шиносномаи хориҷӣ ба куҷо муроҷиат намудан лозим аст?

- Тамоми намуди ҳуҷҷатгузории шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ аз кишвар дар муасисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Шахсоне, ки шиносномаи хориҷиашонро гум кардаанд, бояд ба консулгарӣ муроҷиат намоянд.

- Агар шаҳрванди Тоҷикистон дар Россия ё кишвари дигари хориҷӣ оила барпо намудан хоҳад ё соҳиби фарзанд шавад, метавонад ақди никоҳашро расман ба қайд бигирад ё барои тифли навзодаш “Шаҳодатномаи таваллуд” гирад?

- Албатта метавонад. Мувофиқи банди 1-и моддаи 9-и қонуни мазкур муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ бақайдгирии давлатии таваллуд, вафот, ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар намудани падарӣ ва бекор кардани ақди никоҳро ба ҷо оварда, сабтҳоро барқарор ё бекор менамоянд.

- Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ ва сабти асноди ҳолати шаҳрвадӣ боз чӣ ваколатҳо доранд?

- Ба ғайр аз ваколатҳое, ки дар боло номбар намудем, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ доранд, дар бораи ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдода қарор қабул менамоянд ва ҳар моҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ хабарнома мефиристанд. Ба муроҷиаткунанда дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дода мешавад.

- Ташаккур барои суҳбати судманд!

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ислоҳоти низоми САҲШ»-и БРСММ таҳия шудааст, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария амалӣ карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД