arzon replenishment
Агар падар насабашро надиҳад...
574

Дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва аз ҷониби падари кӯдак рад намудани додани насабаш ба кӯдак, ба кадом мақомот муроҷиат намудан мумкин аст?

Сафия, ноҳияи Муминобод.

Мувофиқи моддаи 50 Кодекси оила, дар сурати аз падару модари ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасхе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад. Бо ҳамин асос, ба шумо тавсия медиҳем, ки бо аризаи даъвогӣ оиди муқаррар намудани падарӣ ба суд муроҷиат намоед.

Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД