Arzon march 2024
Агар кас пешобашро дошта натавонад...
19.01.2025
ОИЛА.ТҶ
1266

Чандест, ки беморам ва пешобамро дошта наметавонам. Табибон мегӯянд, ки пайваста бо об таҳорат кардан ба ман иҷозат нест. Аз чанд нафар пурсидам, мегӯянд, ки таяммум кунед. Мехостам фаҳмам, ки мушкилии маро шариати ислом чӣ гуна раҳнамоӣ мекунад?

СУБҲОН, ш. Душанбе

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Бо таяммум шумо фақат имоматӣ карда наметавонед, аммо барои намози худ ягон халал нест. Дини ислом, дини фитрӣ, яъне мувофиқ ба хилқати инсон аст. Одам ба андозаи қудрат ва тавоноиаш ибодат мекунад. Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки пешобашон мечакад ва ё бархе пешоби худро дошта наметавонад, баъзе дигарро бошад, хуни биниашон мерезад ё бодро дошта наметавонанд ва ё дар баданашон ҷароҳати фасоддошта доранд. Чунин ашхосро дар дини мубини ислом маъмулан шахси маъзур, яъне узрдор мегӯянд. Тибқи мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р.а) таҳорати чунин одамонро хурӯҷи вақт, яъне баромадани вақт мешиканад. Фарз кардем, ки ҳангоми намози бомдод таҳорат мегирад, ҳарчанд чакра-чакра пешоб дошта бошад ҳам, пешоби худаш либоси ӯро бенамоз намекунад ва метавонад намози худро адо намояд, вале вақте офтоб баромад, таҳораташ мешиканад. Барои ҳар як намоз бояд таҳорат кунад. Шумо метавонед таяммум кунед ва намози худро адо намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД