Туро бубинам ҳама ғаму дардамро фаромӯш мекунам. Лаҳзае, ки ту дар паҳлӯям ҳастӣ, чунон худамро хушбахт эҳсос мекунам, ки агар дунёро об барад ҳам, парво нахоҳам кард.
Чашмонат маро чунон афсун кардаанд, ки тамоми зебоиҳои дунё дар назари ин нигоҳи мармуз ҳеҷ ва беарзиш менамояд.
Аз нигоҳат шарар меборад, вале намедонам чаро муҳаббати азими дар нигоҳат ҳувайдоро ба забон намеорӣ. Ҳамеша кӯшиш мекунӣ, ки чашматро аз чашмам гурезонӣ ва риштаи суханро ҷониби дигар кашида, дар бораи чизҳое гап занӣ, ки аслан барои ман моҳият надоранд. Мани ошиќи шайдо дар орзуи сухани меҳромезат шабҳоро саҳару рӯзҳоро шом мекунам, вале ту аз дӯстдорӣ гап задан он тараф истад, ақалан ягон лутфи меҳролуд ҳам намекунӣ, ҷонам. Медонам, ки дӯстам медорӣ. Ҳайрон нашав, ман муҳаббати туро аз чашмони аз забон гӯётарат мехонам ва қалбам овои дилатро мешунавад.
Чандин маротиба нимшӯхию нимҷиддӣ гуфтам, ки дӯстат медорам, то ҷуръат пайдо карда, рози дилатро кушоӣ, вале ту ҳарфи деринтизори маро ба забон наёвардӣ. Дар ҷавоб ман ҳам дӯст медорам намегуӣ, вале ман ҳанӯз боумедам. Дӯстам надорӣ ҳам, интизорат мешавам, зеро дилро ба дил раҳест гуфтаанд, шояд ягон рӯз кӯҳи азими дилатро фатҳ кардан насибам мегардад. Хушбахтам соз, азизи дилам!
Зарина аз н. Рашт