arzon replenishment
Агар ба хона барнагардӣ, талоқатро медиҳам, занак!
17.05.2025
ФОТИМА
673

Ман Фотима ном дорам ва соли 2013 ба як хешамон оиладор шудам. Азбаски шавҳарам бояд зуд ба ҷои кораш, ба Қазоқистон бармегашт, мо ЗАГС карда натавонистем ва ин корро ба вақти дигар гузоштем...

Ҳар вақт, ки ӯ ба Ватан меомад, мегуфт, ки ин корро, яъне ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои хонадориро ба вақти дигар мемонд ва серкориро баҳона карда, ин корро муҳим намешуморид. “Ту ҳамсари ман, ман шавҳари ту, никоҳ дорем, чӣ лозим ҳамин ҳуҷҷатбозӣ”-мегуфт гоҳо. Аз байн қариб даҳ сол гузашт ва мо соҳиби ду фарзанд шудем, ки яке писару дуюмаш духтар аст. Раҳматӣ хусурам набераҳои худро ниҳоят дӯст медошт ва аз нафақааш доим ба онҳо чиз мехарид. Зиндагиам, ки таъмин буд, ман ҳам мушкиле эҳсос накарда ба калон кардани фарзандонам машғул будам.

Рӯзе, як ҳамсоаамон, ки ҳамроҳи шавҳарам дар Қазоқистон кор мекард, ба занаш гуфтааст, ки Раббим дар он кишвар зану кудак дорад. Аммо ман бовар накардам ва ба шавҳарам ҳам телефон накардам. Аммо “дарвозаи шаҳрро бастан мумкин даҳони мадумро не” гуфтаанд, ки рост будааст. Ин овоза ба гӯши Зӯҳрои хоҳарам ҳам расидааст ва ӯ пинҳонӣ аз ман пурсупос карда, ростии ин овозаро месанҷад. Маълум мешавад, ки гапи ҳамсоя дуруст будааст ва Раббим дар Қазоқистон зани қазоқ доштаасту онҳо никоҳи расмӣ ҳам доштаанд. Ана акнун сабаби бо ман никоҳи расмӣ накардани шавҳарам маълум шуд. Хоҳарам сурати зану фарзандони қазоқии Раббимро дар телефонаш гирифта оварда, ба ману хушдоманам нишон дод. Он вақт хусурам аллакай вафот карда буд, аммо хушдоманам суратҳоро дида, миҷҷааш хам нахӯрд, маълум шуд, ки ӯ зан доштани писарашро медонистааст. Инро дида, Зӯҳро маро ва ду кудакамро, ки яке 9-сола ва дигаре 7-сола шуда буданд, гирифта аввал ба хонаи худаш овард, ҳоло бошад дар хонаи модарам зиндагӣ мекунам.

Пас аз он, ки Раббим ошкор шудани сиррашро фаҳмид, ба ман ҳар рӯз занг мезанад, вале ман гӯширо намегирам. Боре хоҳарам телефонро бардоштааст ва гуфтааст, ки дигар Фотима зани ту нест ва бо ӯ моҷаро кардааст. Як ҳафта пеш Раббим ба ман бо рақамҳои дигар занг зада гуфт, ки агар ба хона барнагардам, талоқамро медиҳад.

Чӣ кор кунам, намедонам, мунтазири маслиҳати шумо ҳастам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД