Ҳафт сабзавоти азим шомили Китоби рекордҳои Гиннес шуданд
174

Дар намоишгоҳи анъанавии тирамоҳӣ, ки ҳамасола моҳи сентябр дар Британияи Кабир баргузор мегардад, кишоварзони беҳтарин аз тамоми гӯшаҳои кишвар ҷамъ омада, калониарин сабзавоти парвариш кардаашонро ба намоиш гузоштанд.

Имсол ин чорабинии бошукӯҳ бо як рӯйдоди таърихӣ сабт ёфт. Зеро ҳафт навъи сабзавот бо андозаҳои ғайриодии худ ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид гардиданд.

Чунин намоиш солҳост, ки байни дӯстдорони зироатпарварӣ маҳбубият пайдо карда, майдони рақобати воқеии кишоварзони моҳир гаштааст. Дар ин намоиш кишоварзон на танҳо натиҷаи меҳнати яксолаи худро нишон медиҳанд, балки таҷрибаи худро мубодила намуда, рӯҳияи ҳамкорӣ ва дӯстиро миёни ҳам тақвият мебахшанд.

Тибқи иттилои Китоби рекордҳои Гиннес, ҳафт сабзавоти азим, ки рекорд гузоштанд, дар ҳаҷм ва вазн аз ҳама намунаҳои қаблӣ пеш гузаштанд. Барои бардоштани баъзе аз онҳо кумаки чанд нафар зарур шудааст, зеро вазни онҳо ба даҳҳо килограмм баробар аст. Ба иттилои ташкилкунандагон, яке аз мушкилтарин марҳилаҳои озмун интиқоли ин сабзавот ба ҷойи намоиш мебошад. Ҳангоми интиқоли тӯлонӣ сабзавот метавонанд осеб бинанд. Дар ин сурат аз озмун хориҷ мешаванд.

Дар рӯзи асосии чорабинӣ доварон сабзавотро бодиққат месанҷанд. Аввал ҳолати сабзавот, сипас дарозӣ бо истифода аз метри махсус ва баъдан вазн бо тарозуҳои баландсифат муайян карда мешавад. Ҳамаи ин санҷиш дар ҳузури намояндагони Китоби рекордҳои Гиннес мегузарад, то сабти расмии натиҷаҳо таъмин гардад.

Имсол дар намоиш муҳаррири калони Китоби рекордҳои Гиннес Адам Миллуорд ҳузур дошт. Вай якҷо бо довари асосии чемпионат ҳафт сабзавоти азимро сабти расмӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаҳо собит месозанд, ки меҳнат, сабру тоқат ва муҳаббат ба замин то чӣ андоза метавонад муъҷиза офарад.

Ҳамин тавр, соли ҷорӣ намоишгоҳи тирамоҳии Британия бори дигар нишон дод, ки муҳаббат ба замин метавонад на танҳо ҳосили фаровон, балки рекордҳои ҷаҳонӣ низ ба бор оварад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД