shoh palace
Афшин вақти таваллудаш шуданаш ҳамагӣ 600 грам вазн дошт,вале...
714


Ҷавони 20-солаи эронӣ Афшин Исмоил Қодирзода ба унвони хурдтарин фарди ҷаҳон вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуд.
Қади марди хурдтарини ҷаҳон ҳамагӣ 64 сантиметр мебошад. Ба гуфтаи волидони Афшин, вазни ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш ҳамагӣ 600 грамм будааст.

Табибон ба зинда мондани Афшин кафолат надодаанд, вале бо вуҷуди пешгӯии бади табибон кӯдак зинда мемонад ва инак 20- сол аст, ки олами равшанро мебинад.
Назар ба гуфти худи Афшин аз қади паст доштааш ӯ ҳеҷ гоҳ шарм накардааст.
"Ман медонам, ки баландтарин одам дар ҷаҳон кист. Ман ба кафи дастони ӯ меғунҷам-шӯхиомез гуфтааст Афшин Исмоил Қодирзода.

Афшин аз он шикоят мекунад, ки ба далели хислатҳои ҷисмониаш дарёфти ҷои кор барояш мушкил аст, аммо умедвор аст, ки шӯҳрати ба даст овардааш аз ҷиҳати молӣ ба хонаводааш кӯмак мекунад.
“Орзуи ман кӯмак кардан ба волидонам аст. Шояд эътирофи ҷаҳонӣ ба ман кӯмак кунад, ки орзуямро амалӣ созам"-мегӯяд Афшин.
Одами хурдтарини ҷаҳон аз он ифтихор дорад, ки акнун дар сар то сари олам ӯро мешиносанду медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД