Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ дар қисми ҳарбии Раёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши идона баргузор гардид.
Иштирокчиён зимни суханронӣ ва суҳбати самимӣ бо сарбозону афсарон иброз доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои ҳар ҷавонмарди ватандӯст шараф ва мояи сарфарозӣ аст, зеро сарбоз, пеш аз ҳама, ҳимоятгари марзу буми меҳан мебошад.
«Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ба шуҷоатмандиву далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, риояи меъёрҳои ҳарбӣ ҳамчун асоси ба камол расидани онҳо ва дар ин замина ривоҷ додани тарбияи ҳарбию ватанпарастӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, роҳнамоӣ мешаванд»,- иброз доштааст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода.
Собиқадорони ҳизб доир ба далерию шуҷоатмандии сарбозону афсарон андешаҳояшонро баён намуданд.
Аз ҷониби Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар барои афсарону сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуда, ба хотири болидаруҳии онҳо суруду таронаҳо дар васфи Ватан-Модар иҷро шуданд,-иттилоъ додааст “Ховар”
“Дар ҷамъомади идона як зумра сарбозону афсарони қисми низомӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар сарфароз гардонида шуданд.