arzon replenishment
Афғонистон боз такон хӯрд
322

Афғонистонро заминҷунбии навбатӣ такон дод. Ин дафъа ҳам маркази заминҷунбӣ вилояти Ҳирот гуфта мешавад.

Ба иттилои Маркази зилзиласанҷии Ӯзбекистон, заминларза соати 11:54 дақиқа ба вақти маҳаллӣ бо шиддати 4,6 бал сар зад.

Феълан маълумот дар мавриди хисороти ин офати табиӣ дар даст нест ва мақомоти маҳаллӣ расман дар мавриди паёмадҳои он хабар надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябри соли равон дар вилояти Ҳирот пайи ҳам се зилзилаи шадид рух дод. Бино ба иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларзаи 6,3 дараҷаӣ дар 40-километрии шимолу ғарби шаҳри Ҳирот тақрибан соати 11 ба вақти маҳаллӣ рух дод.

Дар пайи ин заминларза се зилзилаҳои шадид - бо қувваи 6,3, 5,9 ва 5,5-баллӣ ва инчунин ларзишҳои заифтар ба амал омаданд. Дар вилоятҳои ҳамсояи Бодғис ва Фароҳ низ такони ин заминларзаи шадид эҳсос шудааст.

То ин замон теъдоди фавтидагон 2053 нафар гуфта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД