Formula novemver 2024
Афғондухтар дар Тоҷикистон муаллима шуду...
1379

Афғондухтар дар Тоҷикистон

муаллима шуду...

Дар шаҳри Ваҳдат маркази таълимии “Курси Искандар” аз ҷониби сафорати Амрико бозсозӣ шуд, то ки паноҳандагони афғонистонӣ дар ин марказ илму ҳунар омӯзанд.

Дар маркази мазкур курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, фанни риёзӣ ва мусиқӣ амал менамоянд ва паноҳандагони афғон метавонанд дар ин курсҳо нозукиҳои санъати мусиқӣ, риёзиёт ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла ангилисию фаронсавиро бидуни ягон мамоният аз худ кунанд. Боиси тазаккур аст, ки то моҳи майи соли равон вазъи ин маркази омӯзишӣ чандон хуб набуд, вале акнун бо ёрии сафорати Амрико бинои маркази омӯзишӣ азнавсозӣ шуда, бо тамми васоили таълимӣ таъмин гаштааст ва панҳандагони афғон метавонад дар шароити роҳат фанҳои дилхоҳи худро омӯзанд.

Дар шароити кунуӣ, ки вазъ дар Афғонистон хеле нохуб буда, толибон ҳамарӯза ҳуқуқҳои занону духтаронро поймол месозанд, таъмир ва таъмини ин маркази омӯзишӣ барои паноҳандагони афғон дар Тоҷикистон айни муддао мебошад,зеро он шароит фароҳам меорад, ки гурезаҳои афғон дониш ва малакаи худро баланд бардоранд. Фаришта, ки бо аҳли хонаводааш панҷ сол қабл аз Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ овардааст, дастпарвари ҳамин марказ буда, забонҳои фаронсавию англисӣ ва илми риёзиро дар “Курси Искандар” аз худ кардааст. Айни замон Фариштаи 21 сола дар маркази мазкур ба сифати омӯзгор аз фанни риёзи дарс мегӯяд. Маркази таълимии “Курси Искандар” соли 2016 аз ҷониби як муҳоҷири афғон бо номи Искандар таъсис дода шуда буд ва то кунун ин марказ дар хизмати паноҳандагони афғон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД