Дар Индонезия як зани шавҳарро барои муносибати бераҳмона бо фарзандонашон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ин падару модари сангдил ду писари дугоникашонро дар қафас нигоҳ медоштаанд.
Ин ду писарчаи зебову дӯстрӯяки сесола шояд боз чанд соли дигари умрашонро дар қафас мегузарониданд, агар ҳамсояҳо тасодуфан аз ҳоли бади тифлакон воқиф гашта, ба пулис хабар намедданд. Садои гиряи ҷонсӯзи кӯкон ҳамсяи наздики ин оиларо маҷбур намуд, ки як бор ба ин хона сар халонда, чӣ ҳодиса рӯй доданашро фаҳмад. Вақте ки ҳамсоязан вориди манзили ҳамсоя гашт, ҳуш аз сараш парид, зеро калонсолон дар хона набуданду аз сандуқи калони оҳанӣ, ки дар як гӯша гузошта шуда буд, сади гиряи ҷигарсӯзи кӯдакон ба гӯш мерасид. Зан аввал кӯшиш кард, ки қулфро кушяд, вале ҳарчанд талош намуд, ин кор ба вай муяссар нагашт. Вай маҷбур шуд, ки ба пулис занг занад. Кормандони пулис қулфи оҳаниро бурида аз даруни сандуқ ду писарчаи дугоники сесоларо бароварданд. Кӯдакони бечора қариб нафасгир шуда буданд. Маълум шуд, ки волиднашон кӯдакони маъсумро аз субҳ то шом дар ҳамин қафас бе ғизо, бе об ва бидуни назорат мегузштаанд.
Волидни бераҳм ба гуноҳи худ иқрор шуда бошанд ҳам, иддао доранд, ки аз ночорӣ ҳангоми ба кор рафтан фарзандони дугоникашонро дар ин қафаси оҳанӣ қулф мекарданд ва бегоҳ баъди бозгашт онҳоро аз сандуқ мебароварданд, то шикамашонро сер карда, бозӣ кунанд.
БОЗНАШР АЗ https://tojikona.com/