Formula novemver 2024
Аёдати беморон дар рӯзи ид
894


Яке аз амалҳои неке, ки инсон метавонад дар иду айём анҷом диҳад, ин ба дидорбинии маризон рафтан аст. Аёдати беморон махсусан дар Иди саиди Фитр кори хайр буда, савоби зиёде дорад.


Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (С. С) дар боби аёдати беморон фармудаанд: «Ва агар (бародари мӯъминат) бемор шуд аёдаташ кун»

Аёдати маризон яке аз риштаҳои устувори меҳру муҳаббат дар миёни мусалмонон мебошад. Мусалмон бояд бародари мусалмонашро дар ҳоли беморӣ аёдат намуда ва аз аҳволаш бипурсад, хоса дар рӯзҳои ид.
Аёдат ва беморбинӣ одоб ва фазилатҳои худро дорад. Имом Муслим аз Савбон ривоят намудааст, ки Паёмбари Худо фармудаанд:

«Касе бемореро аёдат кунад дар хурфаҳои ҷаннат хоҳад буд, то ин ки аз онҷо баргардад”
Ҳадис бо лафзи дигаре низ омадааст, ки аз Паёмбари Худо пурсида шуд: Эй Паёмбари Худо хурфаҳои ҷаннат чист?
Паёмбари Худо фармуд: «Боғҳои ҷаннат», яъне, мӯъмине, ки ба беморбинӣ меравад, то баргаштанаш гӯё дар боғҳои биҳишт қадам мезанад.

Ҳар гоҳ Паёмбари Худо ба аёдати беморе мерафт, дар назди болини бемор паҳлӯи сараш қарор мегирифт ва дасти муборакашро болои синаи бемор мегузошту каме менишаст.

                      Одоби аёдати бемор
Пеш аз ҳама вақти муносиберо барои аёдати бемор интихоб крадан лозим аст, ки вақти хоб ва ё ҳангоми таому адои намоз набошад. Ҳамеша фурсатеро ҷуё шавед, ки беморро нороҳат насозад.
Одоби дигари аёдат зиёд нанишастан дар назди бемор аст. аммо баъзе одамон дар назди бемор соатҳо нишаста, дардашро бештар месозанд.

Агар ба аёдати беморе меравед, ки ҳолаш нисбатан хуб аст, ҳатман ба ў бигӯед: Шукри Худо, ҳолатон хело хуб аст. Гумон надоштам, ки сиҳатмандиатон ба ин дараҷа беҳтар шудааст. Худо шифо ва офияти комил диҳад. Ба хости Худо дигар асари беморӣ дар чеҳраатон дида намешавад.

Баъзе одамон вақте ба аёдат мераванд, дар назди бемор фақат аз сафари қиёмату тақсими мерос сухан мегӯянд. Ин бисёр бад аст, зеро бемор фикр мекунад, ки дигар аз ин беморӣ роҳи халосӣ нест ва яқин мемирад. Чунин рафтори аёдаткунанда ба бемор таъсири манфӣ расонида, дардашро бештар мегардонад, бинобар ин, дар назди бемор танҳо суханони хуб гуфта, ӯро тасаллӣ диҳед ва аз даргоҳи худованад барояш шифои комилу сиҳатмандӣ талабед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД