Formula novemver 2024
Аёдати ҳамсояи насронӣ гуноҳ аст ё савоб?
07.12.2024
ОИЛА.ТҶ
903

Ман дар Русия ҳамсояи насронӣ дорам, ки солҳои дароз муносибат ва равуо доштем. Ҳоло бемор аст. Оё барои мусалмон ҷоиз аст, ки ҳамсояи насрониашро зиёрат кунад, агар ӯ бемор шавад ва ё дар ҷанозаи ӯ иштирок бикунад, агар ӯ бимирад?

ҶАЛОЛИДДИН, ш. Бохтар

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Аёдат намудан, агар бемор шавад, ҳеҷ боке надорад, баръакс амали савоб аст. Паёмбари мо (с) дар вақти бемориаш як ҷавони яҳудиро аёдат мекард. Натиҷаи меҳрубониҳои Расули Худо (с) он шуд, ки ҷавони яҳудӣ ба Ислом гаравид. Паёмбари мо ҳамсояи ғайримусалмонашонро дидорбинӣ рафтаанд. Шумо ҳам бо ҳамсояи насрониатон муносибати неки ҳамсоядориро ҳифз намоед ва агар бемору ба ёрдам муҳтоҷ бошад, даст дароз кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД