Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо-Компания», пас аз маргаш бо медали «Хидмати шоиста» қадрдонӣ шудааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар паҳн гардида буд, ки ба ҳунарманди марҳум унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон додаанд.
Ба иттилои Вазорати фарҳанг, мукофоти давлатӣ рӯзи 5 сентябр дар як маросим аз ҷониби Асадулло Раҳмон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, ба ҳамсар ва писари Бахтиёр Раҳимов супорида шудааст.
Қаблан, рӯзи 19 сентябр Ташриф Халил, ҳаҷвнигор ва дӯсти наздики Бахтиёр Раҳимов, дар саҳифаи «Инстаграм»-и худ хабар дод, ки ба ҳунарманди марҳум унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дода шудааст.
Ин хабар зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва мухлисони «Ғарибшо» аз қадрдонии давлатии ҳунарманди маҳбуб истиқбол карданд. Аммо баъдан Ташриф Халил навиштаашро ислоҳ намуда, хабар дод, ки ба дӯсташ на унвони фахрӣ, балки медали «Хидмати шоиста» тақдим шудааст.
Бо ин тартиб, маълум гардид, ки мукофоти давлатӣ ба Бахтиёр Раҳимов баъди даргузашташ, дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, дода шудааст.
Баҳси қадрдонии давлатии Бахтиёр Раҳимов баъди даргузашти ӯ, 30 июни соли равон, дар ҷомеа авҷ гирифт. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳаводорони ҳунарманд суол мекарданд, ки чаро яке аз ҳаҷвнигорони маъруфи кишвар бо вуҷуди фаъолияти беш аз сисолааш дар саҳна соҳиби унвони Ҳунарпешаи шоиста ё халқии Тоҷикистон нашудааст.
Ин масъала дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг низ матраҳ гардид. Вале масъулин гуфта буданд, ки Бахтиёр Раҳимов худ барои гирифтани унвон ё мукофоти давлатӣ муроҷиат накардааст.
Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Раҳимов беш аз се даҳсола дар саҳнаи ҳаҷви тоҷик фаъолият дошт. Ӯро мардум бештар бо номи «Ғарибшо» мешинохтанд.
Гурӯҳи «Ғарибшо-Компания» бо саҳначаҳои танзии худ дар солҳои гуногун ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла фасод, хешутаборбозӣ, мушкилоти рӯзгор ва муносибати мансабдорон бо мардум дахл мекард.
Яке аз хусусиятҳои ҳунари Бахтиёр Раҳимов иҷрои ҳаҷви иҷтимоӣ дар ҳузури мансабдорони баландпоя, аз ҷумла Президенти кишвар буд.
Ҳамкоронаш Муқимҷон Абдуфаттоев ва Насриддин Нуриддинов баъди даргузашти ӯ дар суҳбат бо «Азия-Плюс» аз саҳми ҳунарманд дар рушди ҳаҷви муосири тоҷик ёдовар шуданд.
Бахтиёр Раҳимов дар солҳои охири умраш аз вазъи ҳаҷв дар Тоҷикистон нигаронӣ мекард. Марҳум гуфта буд, ки ҳаҷвнигорон дигар ба чорабиниҳои калони давлатӣ ва барномаҳои телевизионӣ ба таври кофӣ ҷалб намешаванд. Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷв танҳо воситаи хандондани мардум нест, балки метавонад дар ошкор кардани мушкилоти ҷомеа ва ислоҳи камбудиҳо нақш дошта бошад.
Раҳимов дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки «Ҳаҷв мурдаву ханда дар мотамаш нишастааст».
Бахтиёр Раҳимов 30 июни соли 2026 даргузашт ва рӯзи 1 июл дар зодгоҳаш, шаҳри Ҳисор ба хок супорида шуд.