Кормандони ЗАГС дар Русия аз 5-уми феврали соли 2025 метавонанд ба қайд гирифтани ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷиро рад намоянд, агар номи домод ё арӯс дар рӯйхати шахсони назоратшаванда бошад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Муҳоҷирони меҳнатие, ки ному насабашон ба рӯйхати “Шахсони назоратшаванда” афтидааст, баъди 5-уми феврали соли 2025 аз имконияти бастани ақди никоҳ дар Русия марҳум гашта метавонанд. Кормандони ЗАГС ҳуқуқ доранд аз бақайдгирии ақди никоҳ даст кашанд, агар номи домод ё арӯс дар рӯйхати шахсони назоратшаванда бошад. Баробари қабул кардани аризаи арӯсу домод корманди хонаи ақди никоҳ тариқи реест месанҷад, ки ному насаби никоҳшавандагон дар рӯйхати шахсони назоратшаванда ҳаст ё не. Дар сурати будани номи никоҳшавандагон дар ин рӯйхат, аризаи онҳо барои бақайдгирии ақди никоҳ рад карда мешавад.
Ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ному насаби шаҳрвандони хориҷие дохил карда мешавад, ки барои дар қаламрави Федератсияи Россия зиндагӣ кардан асосҳои қонунӣ надоранд. Чунин шахсон бояд тамоми ҳуҷҷатҳои худро то санаи 5- феврали соли равон ба расмият дароварда, зиндагӣ ва будубоши худро дар ин кишвар қонунӣ гардонанд ё қаламрави Россияро тарк намоянд. Дар акси ҳол аз Русия бадарға карда мешаванд.