6 –уми феврали соли 2023 дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт дар соҳили дарёи Душанбе ҷасади ҷавонеро бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо карда буданд. Баъдан муайян карда шуд, ки мардум Саидов Бахтиёр Самадович, санаи таваллудаш 3- майи соли 1993, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Пас аз чанд рӯз ба кормандони милитсия муяссар шуд, ки ин ҷинояти сарбастаро ошкор карда, сокини ноҳияи Мӯминобод Аҳдӣ Саидхон, санаи таваллудаш 6 июни соли 1993-ро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷинояти вазнин боздошт намоянд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе 2-юми майи соли 2023 Аҳдӣ Саидхонро бар асоси моддаҳои 104 ва 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар содир намудани ҷиноятҳои одамкушӣ ва раҳзанӣ гунаҳкор дониста, барои одамкушӣ ба 18 сол ва барои раҳзанӣ ба 13 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамин тавр ба Аҳдӣ Саидхон ҷазои ниҳоӣ ба муҳлати 23 соли зиндон бо адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт таъйин карда шуд