Ширкати «Acwa Power»-и Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ месозад, ки иқтидори умумиашон 1250 МВт хоҳад буд.
Ин масъала зимни мулоқоти намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо масъулини ин ширкат дар Абузабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
“Зимни мулоқоти муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода ва Президенти ширкати «Acwa Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаи хати интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ «Роғун-Сайҳун» ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии «Суғд-500» зоҳир гардид”,- омадааст дар хабар.
Қобили зикр аст, ки ин лоиҳа дар таҳкими устувории низоми энергетикии мамлакат ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.
Мулоқот дар ҳошияи чорабинии “Ҳафтаи рушди устувори Абузабӣ - 2026” баргузор гашт. Ҷонибҳо барои идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи «сабз» изҳори омодагӣ намудаанд.