goodwell
Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои дохил шудан ба донишкадаҳои олӣ кай ба охир мерасад?
12.06.2026
Oila.tj
61

Салом! Абдулло ҳастам, як ҷавони тоҷик аз Русия. Ният дорам баъди 15-уми июл ба Тоҷикистон омада, ҳуҷҷатҳоямро ба Маркази миллии тестӣ супорам ва ба ягон донишгоҳ дохил шавам, вале дӯстонам мегӯянд, ки пас аз 30-юми июн дигар ҳуҷҷат қабул карда намешавад. Мехоҳам донам, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Маркази миллии тестӣ то кай идома меёбад ва оё баъди 15-уми июл имкони ба ягон донишгоҳ дохил шудан ҳаст ё не?

Аз идора:

Барои ба саволи хонандаамон посух гирифтан мо бо котиби матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Юсупов ҳамсуҳбат гаштем. Тавре мусоҳибамон зикр намуд, “даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми март оғоз гардида буд ва санаи 30-юми апрели соли 2026 ба анҷом расид, даври дуюми бақайдгирӣ бошад, аз 10-уми июн оғоз гардид ва то санаи 30-юми июни соли равон идома меёбад. Бояд қайд кард, ки довталабон дар интихоби касбу ихтисос озоданд ва дигарон танҳо ба онҳо тавсия дода метавонанд. Нафароне, ки хоҳиши иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро доранд, вале бо сабабҳои узрнок дар даври якум ва дуюми бақайдгирӣ иштирок карда натавонистаанд ва ё наметавонанд, имкон доранд аз 29-уми август то 10-уми сентябр дар даври сеюми бақайдгирӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД