Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд як зани 36-соларо барои то ба худкушӣ расонидани ҳамсари бародараш 4 сол зиндон карданд. Ин зан сокини ҷамоати деҳоти Ворух буда, бо оилаи бародараш якҷоя зиндагӣ мекардааст.
Маҳкумшуда Ш. И аз соли 2025 бо келин муносибати дағалона намуда, мунтазам ӯро таҳқир мекардааст ва шаъну шарафи инсониашро дар назди дигар аъзои оила паст мезадааст. Келин аз фишори равонӣ ва муносибати бераҳмона дилгир шуда, 18-уми ноябри соли гузашта дар манзили истиқоматиашон худро ба дор овехтааст.
Зимни тафтиши телефони марҳум муайян кардаанд, ки қабл аз маргаш вай ба ҳамсараш аз муносибати бади хоҳараш шикоят кардааст. Маҳкумшуда зимни ҷаласаи судӣ ин иттиҳомро рад карда, худро бегуноҳ донистааст, вале суд дар такя ба нишондоди шоҳидон ва далелҳои ҷамъовардашудаю хулосаи баррасии экспекртизаи судӣ-тиббӣ занро бар асоси қисми 1-и моддаи 109 1-и Кодекси ҷиноияти ҶТ барои то ба худкушӣ расонидан ба муҳлати 4 сол равонаи зиндон намудааст.