Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе як зани 44-соларо бо гумони одамфурӯшӣ боздошт намудаанд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар боздоштшуда дар фурӯхтани як зани тоҷик ба ғуломӣ гумонбар дониста мешавад.
Дар хабар гуфта шудааст, ки моҳи сентябри соли 2023 ин зани 44-сола як ҷавонзани 23-солаи сокини ноҳияи Фархори вилояти Хатлонро фиреб карда, бо ваъдаи кори сердаромад ба шаҳри Дубай бурдааст. Аммо дар Дубай зан ба ғуломии шаҳвонӣ гирифтор гашта, то моҳи марти соли 2024 ранҷу азият кашидааст.
Айни замон нисбати боздоштшуда бо қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.