Sebiston new 2024 october
ҚАБР МАЙИТРО БА ҒОР ПАРТОФТ
2159

 

Ман ба синни 36-солагӣ расидаму ҳеҷ гоҳ аз модари худ ба касе шикоят накардаам. Ин сатрҳо шикоят аз модарам нестанд.

Танҳо мехоҳам баъзеи модарон ҳам ибрате барои худ бигиранд. Аз замоне, ки ақлам ба шинохтани инсон расид, бадбахтиҳоям оғоз шуд. Агар модар дар ҳама хонавода гармии хонадон бошад, барои мо сардии фасли сармо буд. Мо- шаш фарзанд ба рафторҳои ӯ менигаристему ангушти ҳайрат мегазидем. Аз модарам ба дили ҳар кадоми мо талхие боқӣ мондааст.

Забони модарам теғи бурандае буд, ки хушбахтии ҳар кадоми моро буридааст. Мо шаш фарзанди бебахтем, ки ба хотири забони модарам касе ба хостгории ману апаам намеояд. Апаам ба синни 41-солагӣ даромадаасту ҳанӯз боре шавҳар накардааст. Худи ман бошам, 36-сола ҳастам, лекин чодари арӯсиро ҳанӯз ҳам бар сарам напартофтаанд. Ду бародари калониям бошанд, бори сеюм аст, ки оиладор мешаванд, лекин бо шарофати модарам келинҳо аз ду моҳ зиёдтар тоб намеоранду аз хонаамон баромада мераванд.

Модарам хуб медонист, ки аз маҳали зистамон касе ба ӯ келин намедиҳад, чунки зане дар деҳа боқӣ намондааст, ки модарам бо ӯ кашталкашӣ накарда бошад. Мардуми деҳа аз ин рафтори ӯ ба ҷон омада, чанд маротиба ӯро ба маҳкама супориданд ва модарамро ҳабси хонагӣ ҳам карданд. Лекин фоидае накард. Модарам ҳамеша аз заифии духтаракони қурбонии тақдиргашта истифода намуда, онҳоро ба чанги худ медаровард. Ӯ ҳамеша ба маҳалҳое ба хостгорӣ мерафт, ки касе ӯро дар он ҷо нашиносад ва духтаронеро интихоб мекард, ки ба хотири сурати зебо надоштанашон ба синни 30-солагӣ расидаанду ҳанӯз ҳам дар хонаи падар мунтазири шоҳзодаи худ ҳастанд.

Модарам онҳоро бо қалинги ночизе ба хона келин карда меоварду ҳанӯз соле аз баҳори наварӯсакон нагузашта, зуд баҳорашонро ба хазон мерасонду онҳоро аз зиндагӣ дилсард мекард.

Аз тамошои ин филми нотамом ҳамагӣ ба ҷон омадему ба хоҳари хурдиямон, ки як писар аз ҳамсояқишлоқ ба ӯ дил дода буд, насиҳат кардем, ки дигар ба рафторҳои модарам диққат надода, аз паси бахти худ шавад. Модари он ҷавон ҳам барои қудои модари ман шудан ҳеҷ розӣ набудааст. Лекин писараш ӯро зӯран оварда, бо модари ман қудо кард. Аммо модарам ҳеҷ дар фикри хушбахтии духтараш набуда, то тавонист ба оилаи шавҳари хоҳарам бадӣ кард. Баъдан рӯзамон ба ҷое расид, ки ҳар субҳ баробари дарвозаи хонаамонро кушодан, хоҳарам бо духтарчааш дар пушти дар истода мегуфт:

-Дигар бо шавҳарам зиндагӣ кардан намехоҳам. Маро хушдоманам модарганда гуфта, ҳеҷ рӯйи хуш намедиҳад.

Модарам то он ҳад ба гандагӣ, сангдилӣ, бераҳмӣ ном бароварда буд, ки агар гунҷишкаке дар ҳавлиямон мемурд, мо онро зуд гирифта, аз пеши чашмаш дур мекардем. Лекин агар модарам паррандаро медид, фурсатро аз даст надода, зуд дар болои мурдаи гунҷишк пешоб мекарду аз пойҳояш гирифта, ҷониби хонаи ҳамсоя ҳаво медоду бо садои баланд фарёд зада, суханҳои қабеҳ гуфтан мегирифт:

-Маро ҷоду кардаанд! Ин бебахтҳо ҳеҷ дида наметавонанд, ки ман чӣ қадар хушбахтам!

Дар асл аз модари ман дида, бадбахттар касе набуд. Лекин ӯ инро намедид. Модарам аз рӯи ҷоҳилӣ бо кадом зане, ки дар кӯча ҷанҷол мебардошту кори кардааш табъи дил анҷом намеёфт, баргаштан замон додараки хурдиямро ончунон мезад, ки кӯдак нафасаш ба дарун меафтод. Як рӯз баъд аз зарбаҳои пай дар ҳами модарам додарам бемори сахт шуда, ақлашро аз даст дода буду гапи гуфтаашро ҳам ба зӯр мешунидем. Ҳатто хӯрок хӯрда наметавонист, қошуқро гирифта, ба модарам менигаристу оби чашмонаш рухсораҳояшро тар мекард. Ҳамин тавр ҷавони чорпаҳлӯ шуду лекин ақлаш намерасид. Як субҳ модарам падарамро дашномҳои беохир дода, қаҳрашро ба сари додари беморам холӣ кард. Ӯро ончунон сахт зад, ки доду фиғонаш ба осмон печид ва худро дар болои хоки ҳавлӣ ҳалқа карду бо дастонаш сарашро дошта гуфт:

-Иллоҳӣ, хок қабулат накунад, оча!

Пас аз чанд моҳ фишори хуни модарам баланд шуда, ба майнаи сараш осеб расонду сари забонашро ҳам мақкам кард. Баъд аз се рӯз аз дунё гузашт. Дар ҷанозааш эҳсос кардам, ки ҳамагон барои зудтар бурда, дар қабр монданаш омада буданду ҳеҷ чашми пурнаме дида намешуд ба ҷуз аз се ва ё чаҳор зани ҳаммонанди худаш.

Майитро дафн карданду бародаронам фардои ҳамон рӯз субҳи барвақт дар вақти намози бомдод барои дуо кардан рафтанд. Пас аз ба сари манзил расидан, диданд, ки қабр холӣ ҳасту мурдаи модарам дар дохилаш нест. Онҳо як муддат беҳол шуда, дар он ҷо нишастанду пас аз андаке ба худ омадан, ба ҷустуҷӯи майит рафтанд. Онҳо майитро аз дохили ғори дар наздикии қабр буда пайдо карданду аз нав гӯронида, то субҳ дамидан хомӯшона ба хона омаданд.

Ҳамаи мо дар аввал фикр кардем, ки сагҳои гуруснаи зиёде қабрро канда, майитро ба дохили ғор кашонидаанду ба ӯ осебе нарасонидаанд. Лекин рӯзи дуюм ҳам майит боз дар дохили ҳамон ғор буд. Бародаронам бо ашки шашқатор ӯро дубора гӯрониданду ба назди олими дин рафта, аз ӯ сабаб пурсиданд. Он мард пас аз саргузашти модарамро ба пуррагӣ шунидан, ба бародаронам мегӯяд:

-Модаратонро аз рӯи зулмҳои расонидааш қабр қабул надорад. Ҳатто қабр аз ӯ безорӣ мекунад! Биравед, дилҳоятонро аз алам пок кунеду барои модаратон аз сидқ дуо кунед!

Пас аз дуоҳои шабонарӯзии мо модарам дар он қабр хобид. Лекин ин воқеа ибрате барои тамоми оилаи мо шуд, ки замин модари дуюми инсон асту ба мазлум меҳрубонӣ мекунаду золимро аз оғӯшаш ба даруни ғор ҳаво дода, ба золимони дигар қудрати оҳи мазлумонро нишон медодааст.......!!!

                                                                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД