Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти боз як блогери ҷавони тоҷик хабар додааст. Ин аллакай дуюмин блогер аст, ки дар чанд рӯзи охир аз ҷониби мақомот боздошт мешавад.
Ҳабибулло Ҳимматзода, ки бо тахаллуси Cherryxvll машҳур буда, дар Instagram беш аз 34 ҳазор обуначи дорад, барои паҳн намудани наворҳои фаҳш аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудааст. Гуфта мешавад, ки Ҳабибулло Ҳимматзода дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм”саҳифаи худро боз намуда, пайваста наворҳои пур аз дашному ҳақорат ва таҳқиромезеро паҳн мекардааст, ки боиси косташавии ахлоқи ҷомеъа мегарданд.
Назари худи блогери 21-сола Cherryxvll маълум нест, вале тибқи маълумоти дарёфтии Оила. ТЧ Ҳабибулло Ҳимматзода аз ҷониби суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 5 шабонарӯз маҳкум шудааст.
Аксари истифодабарандагони интернет, махсусан насли нисбатан калонсол бар он назаранд, ки дар ҳақиқат баъзе блогерҳои тоҷик аз ҳад мегузаронанд ва вақти он расидааст, ки лаҷоми чунин блогерҳои беандешаро нағзакак кашанд.