Абдурозиқ Эгамов, овозхон ва блогери тоҷик, ки ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, эълон кард, ки барояш номзади мувофиқ ёфта, ба наздикӣ маросими хонадоршавиашро баргузор хоҳад кард.
Ӯ гуфт, ки арӯсшавандааш Амира ном дошта, аз Шарҷаи Аморати Мутаҳҳидаи Араб аст, вале дар борааш маълумоти зиёд надод.
Ба зикри Абдурозиқ, тӯй 7-уми июли соли 2024 дар Дубай барпо мешавад.
Савриқул Эгамов, падари Абдурозиқ гуфт, ки барои гузаронидани маърака ҳамаи аъзои хонаводаашон ба шаҳри Дубай мераванд ва ҳоло писараш дар Ҳиндустон қарор дорад.
“Ин номзадро менеҷери лоиҳаи Абдурозиқ пайдо кардааст ва ӯ низ ин пешниҳодро пазируфтааст. Мо дар ин бора тақрибан 2 ё 3 моҳ пеш огоҳ шудем. Аммо ҳанӯз арӯсро надидаем ва пеш аз маросим шинос хоҳем шуд”,- гуфт падари Абдурозиқ.