Sebiston new 2024 october
Абдурозиқ: Роналдо мухлиси ман аст
532


Ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони ғайриоддии тоҷик Абдурозиқ Эгамов имрӯз дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст. Ҳанӯз замони мактабхонӣ Абдурозиқ дар бозори Панҷакент сурудхонӣ намуда, мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо карда буд.

Чор сол пеш аввалин видеои ӯ ба Ютуб роҳ ёфт ва нахустин клипаш, ки дар Қалъаи Ҳисор, бо суруди “Эй акси рухат” наворбардорӣ шуда буд, дар муддати хеле кутоҳ ӯро ба олами шоу- бизнеси тоҷик ворид намуд.

Имрӯз Абдурозиқ дар кишварҳои бузурги аврупоӣ санъати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Кӣ сабаб шуд, ки Абдурозиқ шинохта гардад? Роналдо ба Абдурозиқ чӣ гуфт? Дӯстдухтараш муҳаббати ӯро чӣ гуна қабул намуд?

Ба ин ва дигар саволҳо оиди зиндагии имрӯзааш Абдурозиқ дар суҳбат бо Наврӯзи Файзалӣ посух гуфтааст, ки фишурдаи онро пешкашатон месозем.

-Абдурозиқ, инак ба Тоҷикистон баргаштед. Ватанро пазмон шудед?

-Бале, бисёр ёд кардам. Хеле хурсандам, ки номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ намудам. Ҳар фарди тоҷик муваззаф аст, ки кишварамонро ба ҷаҳониён нишон диҳад. Ман аз Ҷаноби олӣ миннатдорам, ки барои мо ҷавонон чунин имкониятҳо фароҳам овардаанд. Ифтихор мекунам, ки ба кишварҳои дунё сафар кардам.

-Дар мактаби деҳаатон то синфи чанд таҳсил кардаед?

-То синфи чор таҳсил кардаам ва аз ҳамин чор сол шояд як сол ҳамагӣ ба мактаб рафтааму халос.

-Чаро ин қадар кам?

-Роҳҳои мо безеб буд, барф бисёр меборид, либоси хуб надоштем, шароити нағз набуд.

-Умуман то синфи чанд таҳсил кардаед?
-То синфи нуҳум.

-Ҳамсинфонатонро мешиносед, агар ҳа, чандтоашро номбар кунед.

-Бале, дӯстонам ҳастанд, бо ҳам робита дорем, вомехӯрем. Ҷаҳонгир, Матлабшо ва дигарон мебошанд.

-Вақте ба Тоҷикистон омадед, бо ҷӯраҳотон нишастед, бештар аз чӣ мепурсиданд?

-Аз зиндагии дар Ҳиндустон доштаам ва вохӯриям бо Салмон Хон. Дар ҳақиқат Салмон Хон беҳтарин инсон аст.

-Вақте шумо дар деҳот будед, кадом корҳоро иҷро мекардед? Ба волидони худ кӯмак мерасонидед?

-Бештар ба деҳқониву молчаронӣ машғул мешудам. Дар хона устогӣ мекардам, пойафзол медӯхтам, бо падарам қошуқи чӯбин, рубобу тор месохтем.

-Ягон бор шуда буд, ки ҳангоми чаронидани мол ҷар шуда бошед?

-Бале, боре бузичаҳоро ба кӯҳ бурдаму аз он тараф ҳезум ҷамъ карда, фаромаданӣ будам, дар дастам таёқча доштам, баногаҳ ҷар шудаму ба санги калон дармонда, ҳезумамро кушодам. Худо раҳмамро хӯрд, вагарна ғори чуқур буд...

-Ин қадар давлатҳоро гаштед, кадоме аз онҳо бештар писанд омад?

-Ба ман ҳамаи давлатҳо писанд омад, вале Дубайро бештар дӯст медорам. Боду ҳавои хуш дорад, муносибати одамон хуб аст.

-Дар хориҷа кадом сурудатонро зиёд гӯш мекунанд?

-“Оҳи дили зор” ва “Пияр”, ки ба тозагӣ таҳия намудам ва дар канали худам 27 миллион тамошобин гирифтааст.
-Кӣ матни онро навишт?

-Матни суруд аз ҷониби AFCM, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорам, пешниҳод гардид. Суруди мазкур аз зиндагии худам қисса мекунад.

-Чуноне медонем, шумо бо Салмон Хон риштаи дӯстӣ доред. Оё метавонед ин ҳунарманди шинохтаи ҳиндро ба кишвари мо даъват кунед?

-Кӯшиш мекунам, ки ӯро ба Душанбе биёрам. Нақша дорам, ки бо Салмон Хон барнома таҳия намоям.

-Мехостам дар бораи ҳамкории шумо бо AFCM суҳбат кунам. Чӣ гуна бо ин ҳайати эҷодӣ шиносоӣ пайдо кардед?

-Вақте ба Дубай рафтем, бо масъулини AFCM вохӯрдем. Пешниҳоди ҳамкорӣ карданд ва минатдорам, ки маро дастгирӣ карданд. Агар AFCM намешуд, наметавонистам ба ин қадар кишварҳои ҷаҳон сафар кунам.

-Чанде аз чорабиниҳои ҷаҳониро шумо оғоз мекунед. Вақти ба саҳна баромадан миёни нафарони гуногунмиллату фарҳанг худро чӣ гуна ҳис мекунед?

-Ҳолате буд, ки ҷойи калимаҳоро иваз кардаам. Масалан, зимни сабти видеоҳо чанд маротиба хато кардам, вале ислоҳ шудам.

-Дар клипи наватон пурра аз саргузашти худатон қисса мекунед. Аммо дар он як бону дида мешавад, ки нақшаш номуайян аст. Ҳаминро шарҳ медодед?

-Вақте ман ба пул ниёз доштам, яъне дар бозор сурудхонӣ мекардам, ҳамон духтар маро дида, назараш намегирад. Баъд аз он, ки соҳиби ҳамаи чиз мешавам, нохост ҳамон бонуро мебинам ва ӯ маро каме шинохта, ба саҳифаи инстаграми ман ворид мегардад. Хулоса, вақте духтарак меафтаду ба кӯмак ниёз дорад, барояш кӯмак мекунам...

-Аз хонаи шумо то бозори Панҷакент хеле роҳи пурпечутоб ва ноҳамвор аст. Чӣ хел ҳар рӯз ба онҷо мерафтед?

- Соати 6-и субҳ мебаромадам. Аз деҳаи мо ду мошини калон, мисли автобус буд. Аз субҳи барвақт дар сармо интизор мешудам, мошин омада, то бозор мебурду баъди 3 соат бармегашт ба деҳа. Дар ин муддат ман дар бозор сурудхонӣ мекардам.
-Чӣ қадар маблағ ҷамъ мекардед?
-Якум бор 200 сомонӣ, дуюм бор 100 сомонӣ ва 50 сомонӣ кор кардам.
-Бо хоҳиши худатон ба сурудхонӣ даст задед ё тавсияи ягон нафар буд?
-Рӯзе ба хочфурӯшӣ рафтам, яке аз ҳамсинфонам омаду маро шинохт, бо ҳам суҳбат доштем. Ҳамин вақт зане пайдо шуду ҳамсинфам маро муаррифӣ намуд. Зан фикр кард, ки ман кӯдак ҳастам. Ҳамсинфам ба зан гуфт, ки ҳозир як суруд мехонад, писандатон меояд. Вақте ба хондани суруд оғоз кардам, тамоми мардуми бозор атрофи мо ҷамъ омаданд.
-Аввалин суруде, ки дар бозор хондед, кадом буд?
-“Бар мулки дилам” буд, ки мардум бисёр хуб қабул карда, хоҳиш мекарданд, ки дубораву сеюмбора онро зам-зама кунам. Ҳамон рӯз аввалин бор бо заҳмати худам пули калон кор карда, хеле хурсанд шуда будам.
-Бо кадом чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳон вохӯрдед, суҳбат кардед, ном ба ном мегуфтед?
-Бо Салмон Хон вохӯрдам, суҳбат кардам. Роналдоро дидам...
-Аз вохӯрӣ бо Ҳабиб Нурмагомедов чӣ хотира доред?
-Ҳабиб Нурмагомедов бисёр инсони хоксор ҳастанд. Дар як муҳориба дар Абу Дабии Дубай ман ҳам иштирокчӣ будам. Ба телефон машғул будам, ки дасте сарамро сила кард. Аҳамият надодам, фикр кардам, ягон мухлисам аст. Дубора сила кард. Нигоҳ кардам, ки болои сарам Ҳабиб истодааст. Аз ҷоям бархестаму салом кардем. Суҳбати мо бо забони англисӣ сурат гирифт, Ҳабиб маро ситоиш карду гуфт, ки “Ту бисёр ҷавонӣ боҷасорат ҳастӣ”.
-Дар саҳифаатон дидам, ки бо як актёри ҳиндӣ, ки бештар дар нақшҳои ҳаҷвӣ бозӣ мекунад, акс мегиреду суҳбат мекунед...
-Бале, ӯро падарам бисёр дӯст медоранд ва гуфтанд, ки бо ҳамон ҳунарманд вохӯрӣ карда, ба ман сурат равон кун. Вақте ба наздаш рафтем, бисёр инсони хоксор будааст.
-Ба ягон духтар изҳори муҳаббат кардед?
-Бале, тақрибан панҷ сол пеш буд. Муносибатамон нағз буд, вақте аз паси корҳоям шудам, робитаи мо канда шуд.
-Тӯли чанд соле, ки берун аз кишвар зиндагӣ мекунед, дар ҳаётатон чӣ тағйирот ва навигариҳо шуд?
-Дигаргунӣ зиёд шуд, масалан Роналдоро дидам. Вақте дар дохили лифт будам, Роналдоро вохӯрда, ҳамроҳаш сурат гирифтам. Гуфтам, ки яке аз мухлисони ашаддии шумо ҳастам. Роналдо гуфт, ки ман мухлиси ту ҳастам, туро тамошо мекунам. Аз ғояти ҳаяҷон дастонам барги бед барин меларзид. Шукронаи Худо, хона харидам ва ният дорам, ки аз шаҳри Душанбе ҳам хона мехарам.
-Кай оиладор мешавед?
-Дар насиб бошад, баъди ягон сол оиладор мешавам.
-Тӯй дар Тоҷикистон мешавад ё берун аз он?
-Як тӯй дар Панҷакент ва дуюм тӯй дар Дубай мешавад.
-Тасаввур мекардед, ки ба ҳамин рӯзҳо мерасед?
-Ман аз Худованд миннатдор ҳастам, ки маро ба чунин рӯзҳо расонид, баъдан аз масъулини AFCM, ки маро дастгирӣ карданд, заҳмат кашиданд, сипосгузорам. Вақте дар Панҷакент будам, ҳатто орзу намекардам, ки рӯзе ба Душанбе меравам. Ин қудрати Парвардигор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД