Абдурозиқ блогер ва сарояндаи 18- солаи тоҷик бо ҷуссаи хурдаш тавонист тамоми ҷаҳонро ба ҳайрат оварад. Рӯзи сешанбе ситораи машҳури синамои ҳинд Салмонхон эълон кард, ки Абдурозиқ бо ҷуссаи хурди худ аввалин ширкаткнандаи озмуни Bigg Boss хоҳад буд.
Ин озмун ва ё шоу нусхаи барномаҳои телевизионӣ мебошад ки дар кишварҳои мухталиф бо номи Бародари Бузург ва Биг- БРАЗЕР шинохта мешавад.
Аз ин пеш хабар нашр шуда буд, ки Абдурозиқ барои нақшофарӣ дар як филми нави Болливуд даъват шудааст.
Ёдрас мешавем, ки Абдурозиқ ҳунарманди касбӣ нест. Ба ин сароянда ва блогери ҷавон замоне таваҷҷуҳ карданд, ки Абдурзиқ дар кӯчаву бозорҳои шаҳри Панҷакент бо сӯзу гудоз тарона мехонд. Ӯ бо кӯмаку дастгирии репсароми тоҷик Барон аз зодгоҳаш ба пойтахт омад ва ба саҳнаҳои калони Тоҷикистон ва берун аз он роҳ ёфт. Баъд аз чанд вақти ҳамкори ӯ аз Барон ҷудо шуд ва ҳоло дар Ҳинд қарор дорад.