arzon replenishment
Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси Суди Олии иқтисодӣ шуд
564

Дар идомаи тағйироти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ имрӯз роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон низ иваз шуда, Абдуллозода Зебонисо Файзулло раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Мавсуф соли 1972 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 2001 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Абдуллозода Зебонисо Файзулло дар вазифаҳои гуногункор кардааст. Солҳои 2017-2024 раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва аз моҳи феврали соли 2024 муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД