Arzon march 2024
АБДУЛЛОҶОН ДАР БЕМОРХОНА ДАРГУЗАШТ
3257


Рӯзи 29-уми июни соли 2021, тахминан соати 14:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Ҳасанов Эраҷбой Раҳимович, соли таваллудаш 1989, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, таҳти идораи Нурализода Абдуллоҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстон бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лабо-Комбо”, Нурализода А.Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид, инчунин мусофири ҳамин мошин Комилзода Сокинаи Қудрат, соли таваллудаш 2000, сокини ҷамоати шаҳраки Бустон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БОЗНАШР АЗ СПУТНИК

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД