Абдукарим Машрабов: Соли 2025 соли таърихӣ буд!
74

Боз як соли пур аз файзу баракат моро падруд гуфт ва Соли нав бо домани пурбор қудуми муборакашро ба ин сарзамин ниҳод. Соли 2025 махсусан барои аҳли фарҳанг ва ҳунари тоҷик соли бобарор ва хотирмон буда, бо чорабиниҳои ҷолиби фарҳангию ҳунариаш дар лавҳи хаёли дӯстодорони санъати асил абадан маъво гирифт. Суҳбати мо бо ҳунарманди ҷавону боистеъдод, директори Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдукарим Машрабов атрофи бурду бохт ва парвозҳои ҳунарӣ дар соли 2025 хеле гуворо буд ва инак фишурдаи муҳовараамонро манзури шумо - хонандагони азиз мегардонем.

 - Қабл аз ҳама шуморо аз номи хонандагони сершуморамон бо Соли нави мелодӣ муборакбод мегӯем!

- Ташаккури зиёд. Ман низ аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба соли нави мелодӣ шодбош мегӯям. - Театри овозадори ба номи А. Лоҳутӣ дар соли 2025 ба чӣ дастовардҳо ноил гашт? Ба кадом кишварҳо сафарҳои ҳунарӣ доштед ва аз ин сафарҳо чӣ хотироти неке дар лавҳи хаёлатон нақш бастааст?

-Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абдуқосим Лоҳутӣ дар рушди санъати театрии тоҷик ва ҷалби таваҷҷуҳ ба фарҳанги миллӣ саҳми арзанда дорад, зеро барномаҳои театр аз драммаҳои классикони ҷаҳонӣ ва асарҳои адибони номдори тоҷик таҳия мешаванд. Соли 2025 барои аҳли эҷоди театри мо як соли таърихӣ ва фаромушнашаванда буд, зеро тавонистем чор асари мукаммалро рӯи саҳна орем. Аз ҷумла "Достнои Сиёвуш" аз рӯи асари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавӣ, дар таҳияи коргардон Бахром Қурбонзода рӯи саҳна омада, дар фестивали ҷумҳуриявии "Парасту 2025" соҳиби Шоҳҷоиза гашт. Саркоргардони театр Султон Усмонзода бори аввал дар таърихи театр намоишномаи "Шамсу Мавлоно" - ро рӯи саҳна гузоштанд ва он аз ҷониби ҳаводорони санъати театрӣ хуш пазируфта шуд. Боз як рӯйдоди хуби сол рӯйи саҳна омадани намоишномаи “Меҳргиёҳ” буд, ки онро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов аз рӯйи асари худ дар ҳамдастӣ бо устоди ҳамаи мо, муаллимаи азиз Маряам Исоева таҳия намуданд ва дар ҷашни 70 - солагии фаъолияти эҷодиашон пешкаши ҳаводорони театр гардид. Дар ин сол аҳли эҷоди театри мо ҳамчунин асари ҷаҳонии У. Шекспир - "Ричарди 3" - ро рӯи саҳна оварданд. Бояд гуфт, ки намоишномаи "Рачарди 3" - и У. Шекспир бахшида ба рӯзи театри тоҷик таҳия гардид ва мо онро ҳамчун армуғон дар ҷашни театри тоҷик ба мухлисону алоқамандони театр пешкаш намудем. Намоишҳоямонро ба фестивалҳои хориҷа равон кардем ва боварии комил дорем, ки моҳҳои наздик сафарҳои ҳунарии театр оғоз мешаванд.

- Соли равон чанд нафар ҳунармандони машҳури театри шумо сазовори унвонҳои баланд гаштанд. Аз ҷумла устод Тӯрахон Аҳмадхонов ва Исфандиёр Ғуломов бо унвони олии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Пешниҳоди ин ҳунармандони асил ба унвонҳои баланд иқдоми худи театр буд ё Вазорати фарҳанг?

- Мо бо машварати Шурои бадеии театр ҳамасола ҳунармандони арзандаро ба мукофотҳои гуногун ба Вазорати фарҳанг пешниҳод мекунем. Вазорати фарҳанг хулосабарори намуда онҳоро барои дарёфти ҷоизаҳои гуногун ба Ҳукумати кишвар пешниҳод менамояд.

- Анъанаи устодиву шогирдиро зинда нигоҳ дошта, шумо то кунун ҳунармандони асилеро, ки синну солашон ба ҷое расида бошад ҳам, ҳанӯз нерӯи бузурги эҷодӣ доранд, дар театр нигоҳ медоред. Мегуфтед, ки айни замон аз устодони ҳунар киҳо дар театр кору фаъолият менамоянд ва ин ба тарбияи насли нави ҳунармандони тоҷик чӣ таъсир мегузорад?

- Айни замон аз насли калонсол дар театри мо Ҳунарманди Иттиҳоди Шуравӣ, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ситораи Президент Ҳошим Гадоев, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Ибодулло Машраб, Давлаталӣ Убайдуллозода, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Маряам Исоева, Нурулло Абдуллоев, Исфандиёр Ғуломов, Дилбар Умарова, Саодат Азизова, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шодиев, Зулхумор Иброҳимова, Майрам Турсунова, Асалбек Назриев, Қурбони Собир, Ҳунарпешаҳои шоистаи Тоҷикистон Ҷомӣ Хоҷаев, Маҳмади Мирзовлиев, Бурхвали Ғуломҳайдзода, Султонмурод Бобомуродзода, Сония Наврузова ва дигарон фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар кадоми онҳо мактаби худро доранд. Ҳунармандони ҷавон дар саҳнаи бузурги театр бо ин устодон нақш офарида, аз онҳо тамоми нозукиҳои санъати театриро меомузанд. Ин албатта барои пешрафти эшон таъсиргузор аст.

- Дар рӯзу шабҳои ид дар ҳаёти ҳунармандон рӯйдодҳои ҷолибу хотирмони зиёде рӯй медиҳанд. Метавонед ягон ҳодисаи аҷибро, ки дар Соли нав бо шумо ё ҳунармандони театратон рӯй додааст, ба хонандагони мо нақл кунед?

- Бале ҳамеша байни ҳунармандон руйдодҳои ҷолибу хотирмон рӯй медиҳад. Метавонам яке аз он руйдодҳоро қисса намоям. Боре Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Фирӯз Умаров баъд аз намоиш ба ҷои калиди хонаашон калиди утоқи кории Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодир ро гирифта мераванд. Дар театр Ортиқи Қодир чанд соат калид мекобанд, вале намеёбанд. Вақте Фирӯз Умаров ба хонаашон мерасанд баъд мефаҳманд, ки калиди утоқи кории Ортиқ Қодиров аст. Ортиқи Қодир тол ҳол ҳазл карда мегӯянд, ки калидҳоятонро аз Фирӯз Умаров дур нигоҳ доред!

- Абдукарим, агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки соли 2025 дар ҳаёти шахсиатон чӣ навигариҳои хуб ва фараҳбахш ба вуҷуд омаданд?

- Хушбахтона дар соли 2025 бароям муяссар гардид, ки нақши Шамси Табрезиро дар намоиши "Шамсу Мавлоно", нақши Ричмондро дар намоиши "Ричарди 3" - и У. Шекспир биофарам. Дар филми "Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ" низ нақше офаридам, ки баҳори 2026 пешкаши ҳамватанон хоҳад гашт.

- Чанд фарзанд доред? Ягон фарзандатон роҳи бобо ва падари ҳунарманди худро идома доданӣ ҳастанд ё не?

- Шукрона чор фарзанд дорам, дар интихоби касб бошад, озоданд. Касдом касбу кор ё ҳунареро интихоб намоянд, ман онҳоро ҳамчун падар албатта дастгирӣ мекунам.

- Воқеан, писари ҳунарманди машҳуре чун Ибодулло Машраб будан масъулияти шуморо бештар месозад ё зиндагиатонро осон мегардонад?

- Бароям боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар чунин оила ва чунин авлод ба воя расидам. Фарзанди чунин ҳунарманди асил, мумтоз ва соҳибқалам будан бароям ифтихор аст ва албатта масъулиятро бештар мекунад.

- Роҳбари бузургтарини театри тоҷик - Театри академии-давлатии ба номи А. Лоҳутӣ будан масъулияти хеле бузург аст. Барои корҳои эҷодӣ вақт меёбед?

 - Ҳунарманд, агар хоҳад, вақт меёбад. Тамринҳои театр соати 10:00 оғоз мешаванд. Ман кӯшиш мекунам соати 07.30 дар утоқи кориам бошам, то ки корҳои роҳбариамро ба сомон расонам, баъд дар машқу тамринҳо иштирок мекунам ва сипас боз корҳои роҳбариамро идома медиҳам.

- Абдукарим, шумо садои дилнишин доред ва роҳатон ба олами ҳунар аз ҷодаи овозхонӣ оғоз ёфтааст. То ҳол суруд мехонед ё не?

- Бале, дар шаби эҷодии ҳунармандони театр ва баъзан дар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ суруд мехонам. Чанд соли охир, ки дар саҳнаҳои театр ва филмҳо банд будам, барои суруд эҷод кардан вақт имкон намедод. Хушбахтона соли 2025 ду суруди нав омода кардам.

 - Аксари мардҳои тоҷик ошпази моҳиранд ва дар иду ҷашнҳо барои дӯстон ва аҳли хонаводаашон бо дасти худ хӯрокҳои лазиз мепазанд. Шумо ҳунари ошпазӣ доред ё не? Агар ҳа, пас дар идҳо пухтани кадом хӯрокро дӯст медоред?

- Аксарияти ҳунармандони театр ин ҳунарро доранд ва ман низ аз ӯҳдаи ошпазӣ ба хубӣ мебароям. Албатта, агар вақт имконият диҳад, дар рӯзҳои ид барои наздиконам хӯрокҳои лаззи мепазам.

- Дар соли нав ба мухлисони худ ва ҳаводорони театр чӣ таманно доред?

 - Дар соли 2026 ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бурдборӣ, бахту саодат ва амалишавии орзуҳои некашонро орзумандам.

Мусоҳиб: Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД