sebiston july new
АБӮБАКР ЗУБАЙДОВ АЗ КОРОНАВИРУС ДАРГУЗАШТ
02.05.2020
Р. Азимӣ
3263

 

Абӯбакр Зубайдов, овозхон ва мутриби шинохта дар водии Зарафшон ва устоди собиқадори Донишкадаи санъати Тоҷикистон рӯзи 2 май дар синни 62 аз олам чашм пӯшид.

Наздиконаш гуфтанд, ки Абӯбакр Зубайдов рӯзҳои охир дар бемористони "1-ум Советский”-и шаҳри Душанбе таҳти табобат қарор дошт ва табибон иллати маргашро коронавирус гуфтаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 2 май бори аввал ҳалокати ду нафар аз коронавирусро тасдиқ карданд. Мутаассифона, яке аз қурбониҳо ҳунарманди шинохта Абӯбакр Зубайдов будаанд. Наздиконаш гуфтанд, ки талош доранд, то ҷасадашро барои гӯручӯб ба Панҷакент баранд. Абӯбакр Зубайдов 1 июли соли 1958 дар деҳаи Шӯрча (ҳоло Рукнобод)-и Панҷакент ба дунё омада, қариб тамоми умр – аз соли 1979 дар Донишгоҳи санъат дарс додааст. Овозхонҳои маъруфе, чун Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ ва даҳҳо дастпарвари хушноми Донишкадаи санъат дар вақташ пеши устод Зубайдов дарс хондаанд.

Абӯбакр Зубайдов— олим, овозхон, мутриб – таронасаро, номзади илмҳои таърих (2005). Барандаи ҷоизаи фестивал – конкурси телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-96» (1996), аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

 



Абӯбакр Зубайдов 1 июли соли 1958 дар деҳаи Шӯрча (ҳоло Рукнобод)-и ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, соли 1979 шӯъбаи суруд ва мусиқии факултаи корҳои маданию фароғатии Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо дипломи имтиёзнок хатм кард ва ҳамчун устод дар ҳамин донишгоҳ монда, беш аз 40 сол ба шогирдон дарс дод.

Абӯбакр Зубайдов дар Донишкадаи санъат ҳамчуномӯзгор (1979-1988), омӯзгори калон (1988-93), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (1993-1998), мудири кафедраи «Тарбияи мусиқӣ» (1998-2003), мудири кафедраи созҳои мусиқӣ (2004-2006), декани факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ (2006 – то имрӯз), дотсент (2006) хидмат кардааст.

Баъди тарки донишкада дар пайи як моҷаро бо ректори вақти он Аслиддин Низомов Абӯбакр Зубайдов чанд муддат дар мақоми муовини директори Пажуҳишгоҳи илмивую таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот кор кард. Абӯбакр Зубайдов марди росткор ва ошкоргӯ буд ва сабаби ихтилофаш бо Низомовро дар суҳбат бо хабарнигорон баён карда буд.

Абӯбакр Зубайдов дар мавзӯи: «Таърихи фаъолияти ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои 30 – 80 – уми асри XX» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Абӯбакр Зубайдов шоха, гӯшаҳои мусиқии устодона «Кӯчабоғи ду», «Талқини Бухоро», «Қашқарчаи талқини Бухоро», «Уфари Талқини Бухоро» ва сурудҳои зиёдро бо сабки хосаиҷро намуда, дар хазинаи тиллоии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ сабт намудааст. Муаллифи зиёда аз 20-мақолаҳои таҳқиқӣ оид ба анъаноти эҷодию иҷроии мусиқии тоҷик аст. Абӯбакр Зубайдов инчунин дар тарбияи насли иҷрогарони ҷавони мусиқии мардумию устодона саҳми хоса гузоштааст ва шогирдонаш имрӯз дар дастаҳои ҳунарии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳунарварӣ менамоянд.

Худо раҳмату мағфират гардонад ба пайвандонаш сабр ато кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД