Каронавирус натанҳо ба саломатии мардум ва иқтисодиёти тамоми кишварҳои ҷаҳон зиён расонд, балки ба маросимҳои милливу динӣ низ бе таъсир намонд.
Бо сабаби пандемия мусалмонон соли гузашта аз шарафи зиёрати Ҳаҷ, ки яке аз фарзҳои муҳими дини мубини ислом мебшад, бенасиб монданд, имсол низ Арабистони Саудӣ вуруди зоиринро ба қаламрави кишвараш манъ намудааст.
Рӯзи 12- июн шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳор дошт, ки имсол танҳо ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии КОВИД мусалмонони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон низ барои адои ҳаҷ роҳ дода намешаванд.
Дар робата бо ин мавзӯъ, Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, имсол ҳаҷ кардан барои тоҷикистониён фарз нест, зеро дар ин сафар хатар ва монеаҳои зиёде вуҷуд дорад.
Дар таъхири ислом ин бори панҷум аст, ки дари хонаи мубораки худо ба рӯйи мусалмонон баста мешавад.
Абдулқодирзода ба афроде, ки нияти ҳаҷ кардан доштанд, маслиҳат додааст, ки маблағи бо нияти ин сафари муборак ҷамъ кардаи худро барои ободонии муҳити зисташон сарф намоянд ё ба афроди мӯҳтоҷ, ятимон, маъюбон, модарони танҳо ва дигар дармондагон хайр кунанд.
"Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд", - таъкид кардааст Раиси Шӯрои улами Тоҷикистон.
Дар 20-соли Истиқлолият Тоҷикистон чеҳраи худро тамоман дигар намуда, хеле боду зебо гаштааст, вале то ҳол дар баъзе минтақаҳои кишварамон роҳҳои нообод боқӣ монда, мардум аз набудани об, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ азият мекашанд.
Шахсоне, ки нияти ҳаҷ кардан доштанд, вале бо сабаби пандемия ин имконият барояшон муяссар нагашт, агар маблағи пасандози худро ба гузаронидани қубурҳои оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои бе об, ободонии роҳҳо ва сохтмони мактабу бунгоҳи тиббӣ сарф намоянд, савоби бузурге насибашон мегардад, зеро мардум солиёни зиёд самари некии он шахсро чашида, дар ҳаққаш дуои хайр хоҳанд кард.
Худованди меҳрабон албатта подоши некии чунин афроди хайрхоҳро як бар сад бармегардонад ва корҳояшон бобарору пурбаракат гашта, иншооллоҳ соли оянда ба зиёрати ҳаҷ мушарраф мегарданд!