Солҳои охир аксаран 3-4 маротиба ба зиёрати Ҳаҷ мераванд. Оё ин дуруст аст? Агар инсон ҳаҷҷи фарзиро қаблан анҷом дода бошад, оё беҳтар аст, ки дубора ба ҳаҷ биравад ва ҳаҷҷи нофила анҷом бидиҳад ва ё пули онро садақа бикунад?
Саидҷон, ш. Душанбе.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Асос он аст, ки ҳаҷҷи нофила аз садақа кардани пуле, ки дар ҳаҷ харҷ мекунад, беҳтар аст, вале гоҳо шароит ва асбобе пеш меояд, ки дар ин ҳолат, садақа додан аз ҳаҷҷи нофила беҳтар мегардад, ба монанди садақа кардан барои ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, даъват ба дини Аллоҳ ва ё ба шахсони сахт ниёзманд, ба хусус агар аз хешовандони ӯ бошанд.
Ибни Таймиядар китоби "Ал-Ихтиёрот" (саҳ 206) гуфтааст:
"Ҳаҷ бар ваҷҳи машрӯъ аз садақае, ки воҷиб нест, афзалтар аст, аммо агар хешованди мӯҳтоҷу ниёзманд дошта бошад, пас дар ин ҳолат, садақа додан ба онҳо афзалтар аст. Ҳамчунин агар фақирони ночору дармонда ба нафақаи ӯ ниёз дошта бошанд, пас дар ин ҳолат ҳам садақа додан ба онҳо афзалтар аст. Аммо агар ҳарду (яъне ҳаҷ ва садақа) нофила бошанд, пас дар ин сурат, ҳаҷ афзалтар аст, зеро ҳаҷ ибодати баданӣ ва молӣ мебошад. Хаминтавр қурбонӣ ва ақиқа беҳтар аз садақа додани пули он аст, албатта ин ба шартест, ки шахс дар роҳ воҷиботи диниро адо намояд, муҳаррамот (ҳаромҳо)-ро тарк кунад, намозҳои панҷгонаро бихонад, сухани рост бигӯяд, амонатро адо намояд ва бар касе эътидо ва таҷовуз накунад".
Бинобар ин, ҳар кас ҳаҷҷи фаризаро анҷом дода бошад, барои ӯ беҳтар аст, ки пули ҳаҷҷи дуввумро барои муҷоҳидони роҳи Аллоҳ бубахшад, далели он ин аст, ки ҳангоме ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) пурсиданд: Кадом амал беҳтар аст? Фармуд: «Имон ба Аллоҳ ва расулаш». Пурсиданд: Сипас чӣ коре? Фармуд: «Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ». Пурсиданд: Баъд аз он чӣ коре? Фармуд: «Ҳаҷҷи мабрур». Ривояти Бухорӣ (26) ва Муслим (83).
Бинобар ин, агар нафари мусалмон ҳаҷи фарзиро адо карда бошад, беҳтар аст, ки маблағҳояшро дар роҳи савоб хайру садақа кунад.