22 феврали соли 1139, ки бароар ба соли 1927 мебошад, ҳамчун рӯзи таъсисёбии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷашн гирифта мешавад.
Давлати Арабистони Саудӣ дар замони Имом Муҳаммад ибни Сауд таъсис ёфта, шаҳри “ал-Диръия” пойтахти он эълон гардид.
Ин сана дар саҳифаҳои таърихи пурҷилои Арабистони Саудӣ сабт шуда, пайвандии шаҳрвандро бо раҳбарият мустаҳкам ва пояҳои ваҳдату амниятро дар кишвар устувортар месозад ва он дар эҳёву рушди бисёрҷанбаи кишвар дар ин асри муосир саҳми арзанда мегузорад.
Арабистони Саудӣ рӯзи 22 сентябрро ҳамчун Рӯзи миллии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷашн мегирад, зеро 22 сентябри 1932 Асосгузори давлати сеюми Арабистони Саудӣ, -зиндаёд- Абдулазиз ибни Абдураҳмон оли Сауд Шоҳигарии Арабистони Саудиро муттаҳид намуд. Шоҳигарӣ “Рӯзи таъсис”-и худро ҷаш мегирад, то гузаштагони давлати Арабистони Саудӣ ва корнамоиҳои таърихии онҳоро дар давоми се аср ба некӣ ёд карда, барои тараққиёти бузург ва саҳми беназири он дар нашри илму фарҳанги кишвар ифтихор намояд.