Рӯзи 9-уми сентябр ба ифтихори ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон шаршараи машҳури Ниагара, ки яке аз зеботарин ва баландтарин шаршараҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон шаршараи Ниагара рӯзи 9-уми сентябри соли равон аз соати 07:15-и субҳ бо вақти Душанбе фурӯзон мешавад, ки бо сабаби тафовути зиёди вақт ба 8-уми сентябр, соати 22:15 бо вақти Ню-Йорк рост меояд.
Ин чорабинии ҷолиб ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим дар сомонаи зерин пахш мегардад: https://www.earthcam.com/canada/niagarafalls/?cam=niagarafalls_str ва /ё https://www.earthcam.com/world/canada/niagarafalls/thefalls/?cam=niagarafalls2.
Дар ин бора “Ховар” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар додааст.