Аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии "STEM" баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо навиштааст, дар даврҳои фосилавии озмуни фанҳои табиӣ-риёзӣ, 114 давлат, 1200 муассиса, 900 омӯзгор ва зиёда аз 11 000 толибилмон иштирок намуданд.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун, дар музейи “Илм ва саноат”-и шаҳри Париж, ки калонтарин музей дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, доир гардид.
Хонандагони тоҷик бо гирифтани 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 биринҷӣ ба Ватан баргаштанд.
Ёдовар мешавем, ки тайи як моҳи охир ин аллакай 11-ум дастоварди байналмилалии хонандагони тоҷик аст.