Arzon march 2024
9 маслиҳат ба бонувони аз 60-сола боло
372

Пӯсти занҳои калонсол ба нигоҳубини хоса ниёз дорад. Ҳар як бону новобаста ба синну солаш зебову барно будан мехоҳад. Аз ин рӯ, тавсияҳои имрӯзаи мо барои бонувонест, ки синну солашон аз 60 боло аст.

Сараввал бояд ба инобат гирифт, ки ягон малҳам наметавонад занро даҳ сол ҷавон намояд, вале нигоҳубини дуруст метавонад занро аз синну солаш чанд сол ҷавон ва пӯсти рӯйро ботароват гардонад.

Ба мисоли дигар узвҳо пӯсти рӯйи инсон аз ҷавонӣ ба нигоҳубин ниёз дорад. Дар наврасӣ пок сохтану нармкунонии пӯст кифоя аст, вале ҳар қадаре зан калон мешавад, ҳамон андоза таъсироти манфии муҳити зист ва аз даст додани қобилиятҳои муҳофизатии ҷисмро эҳсос мекунад.

Баъди 60-солагӣ пӯст халта зада, заифу беоб мегардаду ожангҳо чуқур мешаванд. Ҳатто молидани малҳамҳои қиматтарин наметавонанд ҳолатро тағйир бидиҳанд.

Мутхассисони соҳаи зебоӣ ба занҳои синну солашон калон барои зебову ботароват будан чӣ тавсия медиҳанд?

1. Баъди 60-солагӣ малҳами зан бояд аз моддаҳои нармкунандаи дорои серамидҳо, равғанҳо, липидҳо, ҷавҳари гиалурон ғанӣ бошад. Пӯстро ҳамарӯза нарм кунонидан лозим аст, пӯсти гарданро низ фаромӯш насозед!

2. Тамоми малҳамҳои ғизобахшу поккунандаи рӯй бояд дар таркибашон ҷавҳари растанӣ ва витамини А, С, Е дошта бошанд.

3. Барои нигоҳубини пӯст барои занҳои калонсол малҳамҳои сахттаъсир (сыворотка) бо иловаи ҷавҳари гиалурон, ретинол, пептид, витаминҳо ва ғайра лозиманд.

4. Аз ҳад зиёд тоза кардани пӯсти рӯй тавсия дода намешавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ барои поксозии пӯст аз малҳамҳои спиртдор ва тоникҳо истифода набаред. Барои тоза кардани ҳуҷайраҳои карахтшудаи пӯсти рӯй маҳлулҳои безарар лозиманд.

5. Дар наврасиву синни баркамолӣ ҳатман малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро истифода бурдан лозим аст. Барои пӯсти зани калонсол офтоб зарари бештар дорад, зеро онро беоб карда, сабабгори пайдо шудани доғ ё витилиго мегардад. Ҳатто дар рӯзи абрнок низ ба пӯсти рӯй малҳами муҳофизатии SPF 15-25, дар ҳавои офтобӣ бошад, SPF 40-50 молидан лозим аст. Барои тоза кардани доғҳои пӯст аз малҳамҳои дорои ҷавҳари мева: себин, ширӣ ва витамини С ва В5 (пантенол) истифода бурдан ба маврид аст.

6. Чинҳои хурд ва пӯсти халтазади рӯйро бо истифода аз маҳс ва гимнастикаи ҳаррӯза бартараф кардан мумкин аст. Ҳамзамон барои кори беҳтари узвҳои ҳозима витамину микроэлементҳоро истеъмол кардан зарур аст. Витамин А (ретинол) таъсири зиддиилтиҳобӣ дошта, витамини гурӯҳи В пиршавии бармаҳалро пешгирӣ менамояд. Витамини С коркарди коллагенро тезонида, витамин К пайдоиши доғҳои рӯйро пешгирӣ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД