Дар ҳаёти ҳар инсон масъалаҳои молиявӣ ва муносибат бо пул ҷойи хоса дорад. Чӣ гуна пул кор кардан? Чӣ гуна пулро нигоҳ доштан? Чӣ тавр дуруст сарф намудани пул? Инҳо саволҳоеанд, ки аксарият ба он посухи аниқ надоранд. Аммо ин масъала сарнавишти молиявии мо ва ҳатто осоиши рӯҳу равони моро муайян мекунад.
Саидмурод Давлатов, устоди маъруф дар соҳаи бизнес мегӯяд: «Кор кардани пул ҳунар аст, нигоҳ доштани он истеъдод, аммо дуруст идора кардани он санъат аст».
Воқеан, бисёре аз одамон ҳатто баъди кору заҳмати зиёд, солҳост, ки зиндагии хуб надоранд. Чаро? Зеро онҳо маблағи худро дуруст идора намекунанд.
Барои чӣ сарфакорӣ муҳим аст?
Дар хонавода, сарфакорӣ ва роҳ надодан ба исрофкорӣ яке аз муҳимтарин омилҳои зиндагии устувор ба ҳисоб меравад. Пул на танҳо воситаи хариду фурӯш, балки асоси амнияти молиявӣ аст. Агар хароҷот аз даромад зиёд бошад, дер ё зуд оила ба қарздорӣ ва мушкилӣ дучор мешавад.
Шахсе, ки ҳар моҳ маош мегирад, аммо тамоми онро бе нақша сарф мекунад, дар охири моҳ ҳатто барои ниёзҳои оддӣ мушкилӣ мекашад. Аммо шахсе, ки бо ақл ва тартиб маблағи худро тақсим мекунад, метавонад кам-кам пасандоз ҳам кунад.
Саидмурод Давлатов дар китобҳо ва семинарҳои худ борҳо таъкид намудааст, ки ҳар инсон бояд се малакаи муҳимро дар муносибат бо пул омӯзад:
Якум, пул кор кардан (ҳунар). Яъне, касби муайян дошта бошед, кор кунед ва арзиш эҷод кунед.
Дуюм, пул нигоҳ доштан (истеъдод). Ин маънои онро дорад, ки шахс бояд қисми даромади худро нигоҳ дорад, на ҳамаашро сарф кунад.
Сеюм, пул идора кардан (санъат). Яъне, маблағро дуруст тақсим кардан: барои ниёзи рӯзмарра, пасандоз, сармоягузорӣ ва эҳтиёт.
Ботлоқи қарз
Чӣ бояд кард, ки ба ботлоқи қарз ғӯтта назанем?
Якум, буҷаи оилавӣ тартиб диҳед. Ҳар моҳ даромад ва хароҷотро нависед. Бинед, ки маблағ ба куҷо меравад.
Дуюм, қисме аз маошро пасандоз кунед. Агар маблағ кам ҳам бошад, одати пасандоз муҳим аст.
Сеюм, аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед. Хариди чизҳои нозарур роҳи зуд аз даст додани пул аст.
Чорум, фарҳанги молиявиро омӯзед. Китобҳо, видеоҳо, тренингҳои вобаста ба масъалаи молия ва пулро омӯзед.
Панҷум, дар ҳолатҳои зарурӣ қарз гиред. Кӯшиш кунед, ки зудтар онро пардохт намоед.
Бинобар ин, сарфакорӣ нишонаи камбағалӣ нест. Баръакс, нишонаи фаҳмиш, худидоракунӣ ва эҳтиром ба заҳмати худ аст. Агар оилаи солим, зиндагии ором ва ояндаи беҳтар мехоҳем, бояд аз имрӯз мақсаднок истифода намудани пулро оғоз намоем.
Тавре ки устоди бизнес Саидмурод Давлатов мегӯяд: «Ҳар як сомонӣ, ки сарфа мекунед, қадаме ба сӯи озодии молиявӣ аст».
Усмон РАҲИМЗОДА