Formula novemver 2024
8 роҳи осони фаҳмидани хислати мард
1180

Дунёи мардҳо барои аксари бонувон асрори нокушодаро мемонад. Зудтар аз ин дунёи пурмуаммо бохабар шудан хоҳед, мутаваҷеҳ бошед! Тамоми кору кирдори мард баёнгари хислату хўи марданд.

Шавҳаратон варзишро дӯст медорад?

Мардҳое, ки мухлиси футбол ва баскетбол ҳастанд, дар зиндагӣ рақобатро дўст медоранд. Марде, ки ба варзиш майл надорад, чун қоида хеле ҳассос аст.

Дўстони қарин дорад
Бачае, ки аз синни 10 солагӣ дўстони қарин пайдо мекунад, марди бовафову содиқ мешавад, вале барои ба боварии чунин мард даромадан вақти муайян даркор аст. Марде, ки бо шумо якҷоя ба кор ё зали варзиш меравад, ба зудӣ бо атрофиён унс мегирад.

Корти маблағгузаронӣ ё пули нақд дорад?
Марде, ки корти пластикияшро нишон медиҳад, мехоҳад дар ҷамъият мавқеи баландро ишғол намояд. Шўҳратталаб аст ва ба худ эътимод дораду зуд ба мақсад мерасад. Пули нақд дошта бошад, мустақил буда, ба касе вобаста нест. Рафту ҳамёнаш холӣ бошад, дар наздатон мардест, ки як умр умед ба дигарон мебандад. Ин тоифаи мардон интизори меҳрубонии дигаронанд.

Одатҳои бади мард чи мегӯянд?
Одатҳои бади мард низ метавонанд дунёи ботинии ӯро ба шумо кушоянд. Сигоркашони ашаддӣ дар зиндагӣ бесабру тоқат ва мушавваш ҳастанд. Марде, ки майнўширо дўст медорад, ноустувории худро дар шишаи май пинҳон месозад.

Тарзи муоширати мард
Марде, ки ба ҷойи занг задан мактуб менависад, намехоҳад моҳияти худро нишон диҳад. Марде, ки пайваста занг мезанад, каме кўҳнапараст аст ва пайваста баҳри илмомўзӣ китоб мехонад.

Либосе, ки мардро ба ваҷд меорад
Мард шуморо бо либоси кўҳна низ хуб қабул кунад, донед, ки ба бонувони бою камбағал бо як чашм нигоҳ мекунад. Марде, ки бо дидани зани хушлибос ба ваҷд меояд, ба обрўву нуфуз диққати хоса медиҳад. Шояд пули зиёд кор мекунад, вале обрў барояш болотар аст. Марде, ки ба зани либосаш диққатҷалбкунанда мароқ зоҳир мекунад, бо ин роҳ мехоҳад худро баландмартаба эҳсос намояд. Барояш хеле муҳим аст, ки ба ў ҳасад баранду рашк кунанд.

Рафтори мард дар маърака
Мард бо дўстонаш дилхушӣ карда натавонад, шояд шармгину хоксор бошад, аз ин лиҳоз аз ў рафтори суперромантикиро интизор нашавед. Барои кушодашавияш вақт даркор аст. Ҷавони дилкушоду хушчақчақ гули сари сабади ҳар маҳфил мешавад. Бо чунин мард зиқ намешавед, вале донед, ки вай пайваста аз шумо таваҷҷуҳ талаб мекунаду худаш ба майлу хоҳишҳои шумо эътибор намедиҳад. Ин мард ба сохтани имиҷи худ машғул аст ва мехоҳад атрофиён нисбаташ таваҷҷуҳ дошта бошанд

Тарзи мошинронӣ
Мард пайваста дар роҳ аз дигар мошинҳо гузашта бо ронандаҳо ҷанҷолу хархаша кунад ва дашномдеҳон мошин ронад, донед, ки асабаш ором нест. Ошиқатон бо вуҷуди «пробка» дар роҳ хеле ором бошад, маълум мешавад, ки эҳсосоти худро идора мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД