goodwell
8 қоидаи нигоҳубини мӯй дар зимистон
2270

 

Барои он ки мӯйҳоятон ҳамвору пурҷилло ва маҳин шаванд, ин қоидаҳои начандон душворро риоя намоед:

 

1. Ҳамарӯза аз балзамҳои нармкунандаву ғизодиҳанда ва “кондитсионер”-и мӯй истифода бареду ҳафтае як бор аз маҳлули дорои моддаҳои фаъол (сыворотка)-ҳои махсуси ғизобахш ва барқароркунанда. Инчунин, ниқоби зеринро омода намудан мумкин аст: ба гиёҳоби бобуна (ромашка) ва газна (крапива) чанд қатра равғани бодом, витамини Е ва хлеби сиёҳ илова кунед. Ниқоби омодашударо ба мӯятон моледу баъди 20-30 дақиқа бо оби гарм шӯед.

 

2. Дар фасли зимистон мӯйро танҳо бо оби ширгарм шӯед, на бо оби ҷӯшон. Бо сари тар ба кӯча набароед, қатраҳои об ях баста, мӯйҳоро бештар зудшикан месозанд.

 

3. Аз фени мӯйхушккунонӣ ба қадри имкон хеле кам истифода баред.

 

4. Агар нӯги мӯйҳоятон гул кунанд, бояд ба рӯймол ва шонаи худ диққат диҳед –баъзе матоъҳо хусусияти ифлоскунии мӯйҳоро доранд.

 

5. Шонаи пласмасиро беҳтараш бо шонаи чӯбин иваз намоед. Балзаму кондитсионерҳои мӯй метавонанд мӯйро аз ифлосии беруна ҳифз намоянд.

 

6. Ҷиллову таровати мӯйро бо истифода аз маҳсулоти табиӣ баргардонида метавонед. Ниқоби аз сафедии тухму асал омодашуда -2 қошуқ асалу зардии 1 тухмро омехта, ба пӯсти сар ва нӯги мӯйҳо молед.

 

7. Сабабгори ҳолати бади мӯйҳо норасоии витаминҳо низ шуда метавонад, аз ин лиҳоз, ба ғизои худ диққат диҳед. Бештар сабзавоту мева, нон, панир, фаллаву чормағз хӯред. Ҳамзамон аз комплексҳои витаминие, ки дар дорухонаҳо фурӯхта мешаванд, барои беҳбудии мӯйҳо истифода баред.

 

8. Агар мӯйҳоятонро ранг мекарда бошед, бояд аз воситаҳои барқароркунандае, ки махсус барои мӯйҳои рангдодашуда тавсия мешаванд, истифода баред. Моҳе як бор маҳлули дорои моддаҳои фаъол (сыворотка)-ҳои махсусро ба мӯятон молед. Агар имкон бошад, дар фасли зимистон мӯятонро зуд-зуд ранг накунед. Ва мӯътақид бошед: ба мӯйҳоятон нигоҳубини ғамхорона хуш меояду зебову солим мегарданд.

 

Ниқоби зимистона барои мӯй

Шарбати як дона лимӯро пурра ҷабида, ба он як қошуқ асал ва 2 қошуқ шарбати сабр (алоэ) илова намоед. Маҳлулро ба мӯятон молида, бо салафану сачоқ печонед. Ниқобро 30 дақиқа қабл аз саршӯӣ ба мӯятон моледу сипас бо шампун саратонро шӯед.

 

Ниқоб барои мӯйи равғанин

Аслан ин маҳлул ниқоб нест, вале воситаи бисёр босамар аст. Чор қошуқ шарбати лимӯро бо 1 истакон спирт ё арақ омезед. Ин мушкобро ба решаҳои мӯятон ҳар субҳ молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД