Интихоби либос барои кӯдакон қоидаҳои худро дорад, ки волидон бояд онҳоро ба назар бигиранд.
Барои кӯдаконатон либосҳои пахтагин харед
Беҳтарин мавод барои либоси кӯдакона - ин пахта мебошад, зеро либоси пахтагин нарм буда, ҳаворо ба хубӣ мегузаронад ва боиси пайдоиши аллергия намегардад.
Либоси пашмӣ дар зимистон хуб аст, вале...
Дар ҳавои хунук ба кӯдакон пӯшонидани либосҳои пашмӣ хуб аст, вале дар баъзе бачаҳо он хориши бадан ва аллергияро ба вуҷуд меорад.
Ба кӯдакон либосҳои синтетикӣ нахаред
Ба волидон тавсия дода мешавад, ки аз харидорӣ намудани либосҳои аз матоъҳои синтетикӣ, ба монанди полиэстер ва нейлон тайёршуда худдорӣ намоянд, зеро ин матоъҳо имкон намедиҳанд, ки пӯсти кӯдак озодона нафас кашад. Дар натиҷа кӯдак асабӣ ва инҷиқ мешавад.
Андозаи либос
Либос бояд ба тани кӯдак мувофиқ бошад, аммо на он қадар танг, ки ҳаракати ӯро маҳдуд кунад.
Пӯшондани либосҳои аз ҳад васеъ низ тавсия дода намешавад, зеро кӯдак метавонад дар онҳо печида, пешпо хӯрад ва афтода, ягон ҷояшро захмӣ созад.
Либос бояд барои пӯшидан ва кашидан осон бошад.
Тугмаҳо, зиреҳҳо ва дигар ороишоти либоси кӯдакона бояд бехатар бошанд ва хавфи фурӯ бурдани онҳо вуҷуд надошта бошад.
Аз харидани либосҳое, ки дорои ресмонҳо ё лентаҳои дароз ҳастанд, худдорӣ намоед, зеро онҳо метавонанд боиси банд шудан гарданд.