Дар шохоби рости канали Баҳористон, ки аз канори заминҳои иловагии деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон мегузарад ва заминҳои кишти ноҳияи Хуросонро обёрӣ мекунад, садама рух додааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар, дар натиҷаи хароб шудани қубур ва ба миқдори аз меъёр зиёд ҷорӣ шудани об ҳодисаи фурӯравии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар натиҷа 4 қитъаи ёрирасон пурра хароб гардида, 1 мошини сабукрав зарар дидаву як қитъаи роҳи 50-метра фурӯ рафта ва 8 хонаи истиқоматии дигар зери таҳдиди фурӯрезиянд.
- Бо мақсади пешгирӣ кардани ҳодисаҳои нохуш, талафи одамон ва талафоти молу мулк қарор дода шуд, ки 8 хоҷагӣ аз минтақаи эҳтимолии хатар кӯчонида шаванд. Навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст. Ҳаҷми зарари расида ҳисоб карда мешавад. Дар айни замон таъмини об ба ин каналро Раёсати мелиоратсия ва обёрии Агентии вилоят комилан қатъ кардааст,- меафзояд манбаъ.
Раиси ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ ҳамроҳ бо аъзои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия, намояндагони КҲФ, Раёсати мелиоратсия ва обёрии Агентӣ ва Сарраёсати геология аз минтақаи зарардида дидан намудаанд.
- Барои 8 хонавода хайма ҷудо карда шуда, ҳамаи бошандагонаш ба минтақаи амн интиқол дода шудаанд. Масъалаи кумакҳои башарӣ ба зарардидагон ҳаллу фасл мешавад. Талафоти ҷонӣ миёни одамон ва ҳайвоноти хонагӣ нест,- мегӯяд манбаъ.