Рӯза доштан дар моҳи шарифи Рамазон фоидаҳои зиёде дорад:
1. Рўза инсонро ба сабр кардан одат медиҳад ва дарси парҳезкориву тақводориро меомўзад.
2. Одами рўзадор барои ризои Офаридгор аз хўрдану нўшидан худдорӣ карда, савоби фаровон мегирад.
3. Дар Рамазон шарру фасод кам мешавад.
4. Рўзадорӣ боиси покизагӣ ва тақвияти узвҳои ҳозима мегардад.
5. Тўли рўз гуруснаву ташна гаштан боиси обшавии равғани зиёдатии бадан мегардад.
6. Мувофиқи ҳадиси Расули Акрам (с), касе ки ба рўзадоре таом диҳад, монанди он рўзадор савоб хоҳад гирифт.
7. Абўубайда (р) мефармояд: “Ман аз Расули Худо (с) шунидам, ки рўза сипар аст. Бо воситаи сипар инсон дар вақти муқобила бо душман аз зарби ў эмин мемонад ва ҳамчунин, ба воситаи рўза инсон аз бадии шайтонҳо ва оташи дўзах эмин мемонад”.
8. Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят кардаанд, ки Ҳазрати Муҳаммад (с.с.) фармуданд: «Дар Биҳишт дарвозаест, ки “Райён» ном дорад. Рўзи қиёмат фақат рўзадорон аз он дарвоза дохил мешаванд”.