Зардолу, афшураи хурмо (шарбат) аз ҷиҳати фоиданок буданашон ба инсон аз ҳама нӯшокиҳои ҷаҳон бартарӣ доранд. Аммо нӯшокии дигаре ҳаст, ки мо ҳар рӯз менӯшем, аммо фоидаи онро чандон хуб намедонем. Ин чойи сабз аст.
1. Чойи сабз ташнагиро шикаста, ҳазм намудани ғизоро суръат мебахшад, дарунро меронад.
3. Асабҳоро ором мекунад, хастагиро рафъ менамояд.
4. Фаъолияти гурдаҳоро беҳтар мекунад.
4. Хотираро тақвият медиҳад.
5. Хунро тунук карда, рагҳоро васеъ ва гардиши хунро беҳтар мекунад.
6. Нафаскаширо беҳтар ва балғамро хориҷ мекунад.
7. Пӯсти рӯйро аз нарак тоза мекунад.
8. Чойи сабз як давои хубест барои диабети қанд.
Ногуфта намонад, ки бар замми бемориҳои дар боло номбаршуда чойи кабуд ҳамчунин барои гирифторони зардпарвин, фишори баланди хун, захми даҳон, офтобзадагӣ муфид аст.