Formula novemver 2024
8-сабаби асосии гиряи кӯдак
984


Кӯдакон, махсусан тифлакони навзод тез-тез инҷиқӣ карда мегирянд.

Аксаран модар дар чунин ҳолатҳо даступо хӯрда намедонад, ки тавр кӯдакро ором созад.

Ба хотири кӯмак ба модарони ҷавон имрӯз мо дар бораи 8 сабаби гиря кардани тифлакон маълумот медиҳем.

Якум: гуруснагӣ

Яке аз сабабҳои асосии гиряи кӯдак дар моҳҳои аввали зиндагиаш гурусна мондан аст. Агар тифлаки шумо шири сина мехӯрда бошад, дар лаҳзаҳои аввали гиряаш ба ӯ сина диҳед, ором мешавад.

Дуюм: ташнагӣ

Кӯдак фақат сина мехӯрда бошад, шири модар ҷои обро мегирад, ба шатре, ки хона аз ҳад зиёд гарм набошад. Ба тифлакони ғизои сунъӣ мехӯрда об додан лозим аст. Дар ҳавои гарм ва пӯшонидани либосҳои гарм низ кӯдак ташна монда, гиря мекунад. Об диҳед, ором мешавад.

Сеюм: уребчаи тар

Кӯдак намиро эҳсос кунад, худро нороҳат ҳис карда, ба воситаи гиряи баланд мехоҳад фаҳмонад, ки ӯро аз ин ҳолат раҳо намоянд. Аз ҳамин хотир, вақте тифлакатон мегиряд, аввал уребчаашро хабар гиред, ки мабодо тар нашуда бошад.

Чорум: хунукхӯрӣ

Аксари кӯдакон дар моҳҳои аввали ҳаёт дар вақти хунук хӯрдан гиря мекунанд. Барои муайян кардани ин ҳолат дасту пойҳои кӯдакро қапидан лозим аст. Тифлак хунук хӯрда бошад, ӯро гармтар печонед, ором мегирад.

Панҷум: гармии аз ҳад зиёд

Модарони ҷавон аксар вақт кӯдаки худро барои хунук нахӯрдан мепечонанд. Ба тифлак гармии зиёд мақул нашавад, норозигии худро бо гиря баён мекунад.

Шашум: тарс

Кӯдакони хурдсол метавонанд аз ҳама чиз битарсанд, масалан аз садои баланд ё чароғе, ки дар ҳуҷра ногаҳон фурӯзон мешавад, ба меҳмонӣ омадани шахси бегона, аккоси саги ҳамсоя ва ҳатто бозичаи ғайриоддии дурахшоне, ки дар сари кат овезон аст. Кӯдак, чун қоида, ба тарс бо фарёди шадид вокуниш нишон медиҳад ва муддати тӯлонӣ ором карданаш мушкил мешавад.

Ҳафтум: аз оғӯши модар дур шудан

Кӯдакони навзод бештари вақт ҳангоми аз чашми модар дур шудан гиря мекунанд. Дар ҳама гуна вазъияти норавшан ва бароияшон ногувор тифлакон мехоҳанд дар оғӯши модар бошанд, аз ҳамин сабаб вақте ки зан фарзандашро ба катча мехобонад ё дар замин мемонад, тифлак мегиряд.

Ҳаштум: вайрон шудани реҷаи хоб

Баъзан волидайн барои хобондани фарзандашон аз ҳад зиёд шитоб мекунанд, аммо кӯдак инро намехоҳад ва гиря мекунад. Ҳамчунин ҳолати баръакс низ рух медиҳад, яъне хоби кӯдак гирифта бошад ҳам, ӯро намехобонанд. Дар чунин ҳолатҳо тифлак ғаш карда мегиряд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД