Кулли хонандагони азизи сомонаи Oila.tj-ро бо фарорасии Иди Қурбон муборакбод гуфта, 7 саволу ҷавоби муҳимро дар бораи қурбонӣ пешкашатон мегардонем.
Савол:
Ба ҷойи молеро дар роҳи Худованд қурбонӣ кардан, пули онро ба муҳтоҷон тақсим кунӣ, қабул мешавад?
Ҷавоб:
Қурбонӣ кардан шартҳои худро дорад ва яке аз он резондани хуни чорвост. Албатта хайру садақа ва эҳсон ба фуқаро ва ниёзмандон амали беҳтарин аст, аммо набояд онро аз ҳисоби маблағи қурбонӣ анҷом дод. Қурбонӣ танҳо дар сурати қурбон намудани чорво пазируфта мешавад.
Савол:
Мегӯянд, ки ҳар як шахс бояд моли қурбонӣ мекардаашро худаш забҳ кунад. Оё ин дуруст аст?
Ҷавоб:
Инсон, агар тавонад, моли қурбонӣ мекардаашро бо дасти худаш забҳ кунад, беҳтар аст, вале аз уҳдаи ин кор набарояд, метавонад аз ягон қассоб ё шахси дигар хоҳиш кунад, ки молро забҳ кунад, аммо вақти забҳ бояд шахсан ҳузур дошта бошад.
Савол:
Ман аз бонк қарз гирифта, гӯсфанд харида будам. Агар онро қурбонӣ кунам, қабул мешавад?
Ҷавоб:
Аз ҷумлаи шартҳои ҷоиз будани қурбонӣ он аст, ки чорво дар моликияти инсон бошад ва ҳаққи тасарруфи комили онро дошта бошад. Маблағи гӯсфандро аллакай пардохт карда бошед, метавонед қурбонӣ кунед.
Савол:
Аз маблағе, ки барои закот ҷудо шудааст, гӯсфанд харида, қурбонӣ кардан равост?
Ҷавоб:
Ин кор аз нигоҳи шариат ҷоиз нест, зеро закот ба ашхоси муайян дода мешавад ва гӯшти қурбониро бой ва фақир метавонанд бихӯранд. Закот барои дигарон аст ва намешавад ба худ масраф намуд, аммо гӯшти қурбониро худи инсон метавонад масраф намояд.
Савол:
Шахсе, ки хона ва оилааш дар як шаҳр ва худи ӯ дар шаҳри дигар кор мекунад, яъне муҳоҷир аст, дар куҷо бояд қурбонӣ кунад?
Ҷавоб:
Метавонад дар он шаҳре, ки кор мекунад ва муваққатан зиндагӣ мекунад, қурбонӣ кунад, зеро ӯ сарвари оила аст ва қурбонӣ бар зиммаи худи ӯст. Ҳамчунин метавонад касеро вакил намояд, то дар шаҳри аслияш қурбонӣ намояд.
Савол:
Ба ҷои падарам, ки чанд сол пеш аз дунё гузашта буданд, қурбонӣ кунам, қабул мешавад?
Ҷавоб:
Агар майит қаблан барои қурбонӣ кардан васият карда бошад ва ё чорвоеро барои қурбонӣ вақф карда бошад, ворисони ӯ ҳатман бояд қурбонӣ кунанд. Аммо барои қурбонӣ кардан васият накарда бошад, Имом Шофиъӣ мегӯяд, бидуни васият ва вақф ба ҷои майит қурбонӣ кардан ҷоиз нест, вале се мазҳаби дигар, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ ин корро ҷоиз меҳисобанд.
Савол:
Оё метавонанд чанд нафар дар як чорво шарик шуда, қурбонӣ кунанд?
Ҷавоб:
Чорво буз ё гӯсфанд бошад, танҳо як нафар метавонад онро қурбонӣ кунад ва дар он шарик шудани нафари дигар ҷоиз нест. Чорво гов ва ё шутур бошад, онро метавонад як нафар қубонӣ кунад ва метавонанд то ҳафт нафар дар он шарик шаванд.