Бемории сил аз чист?
Сил бемории сироятӣ маҳсуб ёфта, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад.
Бемории сил чӣ гуна паҳн мешавад?
Бемории сил аз шахси бемор ба шахси солим ҳангоми сулфа, атса задан тавассути ҳаво мегузарад. Танҳо шахсони гирифтори сили шушӣ метавонанд хавфи ба дигарон сирояткунӣ дошта бошанд.
Кадом узвҳои бадан гирифтори сил мешаванд?
Ҳамаи узвҳои бадан метавонанд ба бемории сил гирфитор шаванд, аммо бештар шуш аз ин беморӣ азият мекашад. Беморӣ баъдан ба гурда, меъда, устухонҳо ва майнаи сар гузашта метавонад.
Бемории сил чӣ аломатҳо дорад?
Шахсеро, ки ба ин беморӣ гирифтор шудааст, сулфаи тӯлонии аз 2-3 ҳафта зиёди балғамдор ва дарди қафаси сина азият медиҳад. Нишонаҳои дигари ин касалӣ камшавии иштиҳо, камшавии вазни бадан, арақкунии шабона, бемадорӣ ва таби шабона аст.
Аз модари силдошта беморӣ бо шир ба кӯдак мегузарад?
Бемории сил ба воситаи шири сина намегузарад, аммо модар бояд дар пеши кӯдак сулфа ё атза назанад, зеро ин ҳолат ба сироят кардан мусоидат мекунад.
Кадом шаклҳои бемории сил маъмуланд?
а). Бемории сили ҳассос;
б). Бемории сили ба доруҳои асосӣ устувор (шакли мутобиқгаштаи сил);
в). Бемории сили ба дорувории васеъ устувор (шакли васеи ба сил мутобиқгашта).
Барои муайян кардани бемории сил кадом муоинаҳо гузаронида мешаванд?
Муоинаҳое, ки барои муайян кардани бемории сил равона шудаанд, инҳоянд:
- Санҷишҳои молекулярӣ;
- Микроскопияи молиши балғам;
- Кишти маводи санҷишӣ;
- Акси рентгенӣ ва ғ.