7 саволи муҳиме, ки ҳар як мард бояд ба худ диҳад
05.10.2025
Oila.tj
71

Доктор Оиз Қарнӣ мегӯяд: Шабе қабл аз хоб лаҳзае ба чашмони ҳамсарам нигоҳ кардам ва дар ҳоле, ки ӯ хоб буд, бо худ гуфтам: “Бечора, баъд аз ин ки солҳо миёни хонаводааш зиндагӣ мекард, ҳоло дар канори марди бегонае хобидааст, хона ва кошонаи падарашро тарк намудааст, зиндагии пурмеҳри хонаводаашро тарк намуда ва пеши марде омадааст, ки ба ӯ амру наҳйи мекунад ва ба хотири ризои Худованд ва дастуроти шариат аз он итоат мекунад. Субҳоналлоҳ!”.

Бинобар ин, аз худ пурсидам:

- Чӣ гуна виҷдони баъзе мардҳо мепазирад, ки муддати зиёде хориҷ аз хона ва дур аз зану фарзандон зиндагӣ мекунанд?

- Чӣ гуна баъзе мардон хонаро барои ҳамсари худ ба зиндон табдил карда, бо ӯ унс намегиранд?

- Чӣ гуна баъзе мардон ба худ иҷоза медиҳанд, ки ҳамсарашон дар ҳоли парешониву нороҳатӣ ва буғз дар гулӯ ба бистари хоб биравад?

- Чӣ гуна баъзе аз мардон ба мусофират мераванд ва ба сарнавишти зану фарзандон таваҷҷуҳе надоранд?

- Чӣ гуна баъзе аз мардон бо зани бегона шабгузаронӣ мекунад, дар ҳоле, ки зани покдоманаш дар хона мунтазири ӯст?

- Чӣ гуна баъзе мардҳо аз бори масъулият шона холӣ мекунанд, дар ҳоле, ки тибқи фармудаи Паёмбар (салому дуруди Худо бар ӯ) дар ин маврид пурсида мешаванд?

- Чӣ гуна баъзе аз мардон ба худ иҷоза медиҳанд, ки дар хона нишинанд ва аз меҳнати ҳамсарашон бихӯранд?...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД