Салом! Ман ҷавонмарди 30-сола ҳастам ва мехоҳам ба ягон давлати хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Ду сол пеш як дӯстам ваъда дод, ки дар пайдо намудани кор дар хориҷа ба ман кумак мерасонад. Маблағи заруриро бо қарзу қавола ёфта додем, вале ҳам ман ва ҳам рафиқам ба доми қаллобон афтодем. Пуламонро гирифта, моро ба қавли мардуми рус “кидат” карданд. Аз ҳамин хотир, муроҷиат намудам, то ки дар бораи роҳҳои қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои хориҷӣ маълумот бигирам. Барои ёфтани кор дар хориҷа ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст ва кадом ҳуҷҷатҳо талаб карда мешаванд? Муҳоҷир бояд чӣ кор кунад, ки фиреб нахӯрад?
НАСРИДДИН, аз шаҳри Ваҳдат
Посух:
- Бародари азиз! Бо масъалаи сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба давлатҳои хориҷӣ бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ асосан Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он – Хадамоти муҳоҷират, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон машғул мебошанд, ки на танҳо дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе, дар дигар минтақаҳо низ шуъбаҳои худро доранд. Нияти ба ягон давлати хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, ба яке аз ин идораҳо муроҷиат намоед. Дар он ҷо шуморо ба қайд гирифта, тартиби муҳоҷирати меҳнатиро ба кишварҳои хориҷӣ мефаҳмонанд ва дар пайдо кардани кори муносиб ёрӣ мерасонанд.
Дар масъалаи фиреб хӯрдани муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, ҳаминро гуфтанӣ ҳастем, ки ба ҳар гуна эълонҳои бардурӯғ дар бораи кори хуб ва сердаромад дар давлатҳои хориҷӣ бовар накунед, чунки аксари ин эълонҳо фейк ҳастанд ва махсус барои ба дом афкандани шахсоне, ки дар орзуи пули калон кор кардан ҳастанд, нашр карда мешаванд.
Барои фиреб нахӯрдан шахсе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанист:
1. Аз ширкате, ки ваъдаи дар хориҷи кишвар бо кори сердаромад таъмин намудани муҳоҷиронро медиҳад, ҳатман бояд нишон додани литсензияашро талаб намояд. Гап дар он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон, ҳамагӣ ба чанд ширкати ангуштшумор барои интиқоли қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷӣ иҷозатнома, яъне литсензия дода шудааст. Ширкате, ки литсензия нагирифтааст, тибқи қонун ҳуқуқ надорад, ки муҳоҷирони меҳнатиро аз Тоҷикистон ба ягон давлати дигар фиристад ва фиристода ҳам наметавонад, зеро ширкатҳои аслии хориҷӣ бо чунин ширкатҳои ғайриқонунӣ кор намекунанд.
2. Агар ширкат, дар ҳақиқат бо интиқоли қувваи корӣ ба дигар кишварҳо машғул бошад, дар бораи ширкати корфармо ба муҳоҷир тамоми маълумотҳоро пешниҳод намуда, талаботҳои корфарморо мефаҳмонад ва шарту шароитҳои кориро мегӯяд.
3. Корфармоёни хориҷӣ пеш аз сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор, тариқи интернет бо ҳар як муҳоҷир суҳбат мекунанд, ё намояндагони худро барои интихоб кардани мутахассисони ба худашон зарурӣ ба Тоҷикистон мефиристанд. Намояндагони ширкати хориҷӣ бо гурӯҳи афроде, ки мехоҳанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд, суҳбат гузаронида, аз байни онҳо шахсони аз нигоҳи касбӣ муносиберо интихоб мекунанд, ки синну солашон низ мувофиқат кунад ва мушкили саломатӣ ва забондонӣ надошта бошанд.
4. Пеш аз сафар ширкати хориҷӣ барои муҳоҷиршаванда бояд ҳатман даъватномаи корӣ фиристад.
5. Дар асоси даъватномаи корӣ ба муҳоҷири меҳнатӣ виза-раводид дода мешавад. Бидуни визаи корӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ғайри имкон аст.
6. Маъмулан, дар фурудгоҳи ҳавоии кишвари қабулкунанда намояндагони ширкати муҳоҷирони меҳнатиро ба кор даъваткарда муҳоҷиронро пешвоз мегиранд ва бо нақлиёти махсус ба ширкат, ё хобгоҳе, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст, мебаранд.
7. Пеш аз оғоз кардани кор ширкати хориҷӣ бояд бо муҳоҷирон шартномаи меҳнатӣ баста, вазифаю масъулиятҳоеро, ки бар дӯши муҳоҷир гузошта мешаванд, фаҳмонад, дар бораи тартиби пардохти музди меҳнат ва дигар шароитҳои корӣ маълумоти муфассал диҳад.