Arzon march 2024
7 ҚОИДАИ САРШӮӢ
08.05.2021
Оила
1842


Қабл аз саршӯӣ мӯйро нағзакак шона кардан лозим аст, барои он ки гардиши хун дар қисмати мӯйдори сар ба эътидол ояду решаҳои мӯй моддаҳои ғизобахшро зиёдтар ҷаббида бигиранд. Мӯй хушк бошад, саратонро даҳ дақиқа маҳс кунед.

Ба мӯйҳоятон равған молед.
Метавонед равғани мушхор, беданҷир, зағир ё офтобпарастро маҳскунон ба мӯятон молед. Мӯйро ба торҳо ҷудо карда, равғанро ба тамоми дарозияш молидан лозим аст. Ба мӯйи хушку зудшикан таротар каме равғани мушхор ё миқдори баробари равғани беданҷир (касторовое) ва равғани дигар растаниро омехта карда молед ва боқимондаҳои равғанро аз мӯйи кӯтоҳ бо сачоқи хушк гиреду мӯйи дарозро то дами мулоим шуданаш байни панҷаҳоятон соиш диҳед.

Бо оби ҷӯш сар нашӯед!
Оби саршӯӣ набояд ҷӯшон бошад, тақрибан 50-55 дараҷа гарм будани об кифоя аст. Дар ин ҳолат мӯй хубтар тоза мешавад. Дар охири саршӯӣ бо оби хунук чайқондан мӯйро пурҷилло месозад.

Шампунро зарар мерасонад, агар…
Аз шампуни ба навъи мӯятон мувофиқ истифода баред. Шампунро рост ба мӯятон нарезед, вагарна он таъсири хуб намерасонад. Гумон мекунед, ки ҳар қадаре шампуни зиёд молед, мӯятон тоза мешавад? Ин андеша кулан ғалат аст, танҳо обгардонкунии хуб мӯйро тоза мекунад. Шампунҳои муосир чунон самарабахшанд, ки ҳатто барои мӯйи дароз як қошуқчааш кофист. Шампуни табобатиро каме ба кафи даст рехта, мунтазам ба мӯйи тар аз пушти сар молидан лозим аст. Агар мӯятонро як рӯз пас ё ҳар рӯз мешуста бошед, бо шампун як бор шустан кифоя аст. Бо ҳаракатҳои маҳсӣ шампунро бо нӯги ангуштон ба сар молед, на бо нохун.

Агар мағзоба монад…
Тоза обгардон кардани мӯй ниҳоят муҳим аст, чунки боқимондаҳои шампун мӯйро часпак мекунанду он зуд ифлос мешавад. Барои фаҳмидани он ки мағзоба аз мӯйҳорятон пурра тоза шудааст ё не, бо ангуштон мӯятонро молед, агар садои «ғиҷиррос» барорад, донед, ки мӯйи саратон тоза шудааст.

Балзам ё кондитсионер?
Имкон дошта бошед, аз решаи мӯй сар карда то нӯгҳои кокулонатонро кондитсионер ё балзам молед. Онро мувофиқи вақти нишондодашудаи тамғакоғаз дар мӯятон нигоҳ дореду баъдан бо оби ширгарм обгардон кунед.

Мӯйро чӣ гуна мехушконанд?
Ҳангоми хушконидани мӯй танҳо аз сачоқи тоза истифода баред, чунки бактерияҳои сачоқи ифлос, хусусан ҳангоми шустани мӯйи равғанин сабабгори пайдоиши сабӯсак мегарданд. Мӯйро бо сачоқ сахт молиш надиҳед. Сарро бо сачоқ печонидан кифоя аст. Дарҳол бо фен хушконидани мӯй боиси зудшикану беҷон гардиданаш мешавад. Мӯйи дарозро таротар шона накунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД