toyota motors
7 қоидаи нави ҳаҷи фарзӣ дар Арабистони Саудӣ
118

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ бо мақсади танзими раванди зиёрат ва таъмини амнияти зоирин дар мавсими ҳаҷи соли 2026 қоидаҳои нави вуруд ба шаҳри Маккаро ҷорӣ намудааст.

Шахсоне, ки ба ин қоидаҳо риоя намекунанд, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.

1. Аз 13-уми апрели соли 2026 танҳо дар сурати доштани иҷозатномаи махсус ба шаҳри Макка ворид шудан мумкин аст.

2. Ба кормандоне, ки фаъолияти хидматӣ доранд, иҷоза дода мешавад, ки бо истифода аз иҷозатномаҳои махсуси электронии тавассути барномаҳои “Tasrih”, “Absher Afrad” ва “Bawaba Muqim” додашуда вориди шаҳр шаванд.

3. Аз 18-уми апрел маҳдудиятҳо боз ҳам шадидтар шуда, вуруд ва иқомат дар Макка барои ҳамаи дорандагони раводиди сайёҳӣ ва дигар намудҳои он комилан манъ карда мешавад.

4. Додани иҷозатномаҳо барои адои ҳаҷи умра аз 18-уми апрел то 31-уми майи соли равон муваққатан қатъ карда мешавад. Зоироне, ки бо раводиди умра аллакай дар шаҳр ҳузур доранд, вазифадоранд Маккаро тарк намоянд.

5. Шахсоне, ки бидуни иҷозатнома вориди шаҳри Макка мешаванд, то 20 ҳазор риёли саудӣ ҷарима баста мешаванд, ки ҳудуди 5,5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

6. Барои интиқоли ғайриқонунӣ, паноҳ додан ё кумак ба зоирони бе иҷозатнома дар ин давра вориди шаҳр гашта то 100 ҳазор риёл ҷарима пешбинӣ шудааст, ки $26,5 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

7. Вайронкунандагони талаботи мазкур аз кишвар ихроҷ карда шуда, ба муҳлати 10 сол аз ҳуқуқи вуруд ба Арабистони Саудӣ маҳрум мегарданд ва воситаҳои нақлиёташон мусодира карда мешавад.

Имсол барои адои ҳаҷи фарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо карда шудааст. Арзиши сафар 53 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД